Интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барқарор шуд

Баъди танаффуси шашсола охири ҳафтаи гузашта интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барқарор шуда, айни замон ба ҷумҳурӣ дар як соат 1 ҳазор метри мураббаъ газ интиқол дода мешавад. «Бо гази айни замон воридмешуда дар ҳаҷми 1 ҳазор метр дар як соат Ширкати алюминии тоҷик таъмин мешавад. Ояндаи наздик таъмини дигар корхонаҳои хоҳишманд низ […]

Баъди танаффуси шашсола охири ҳафтаи гузашта интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барқарор шуда, айни замон ба ҷумҳурӣ дар як соат 1 ҳазор метри мураббаъ газ интиқол дода мешавад.

«Бо гази айни замон воридмешуда дар ҳаҷми 1 ҳазор метр дар як соат Ширкати алюминии тоҷик таъмин мешавад. Ояндаи наздик таъмини дигар корхонаҳои хоҳишманд низ оғоз хоҳад шуд», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз».

Дар ширкати мазкур аз додани маълумот дар бораи нархи гази табиӣ аз кишвари ҳамсоя худдорӣ варзиданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти шабакаи давлатии телевизионии Uzbekistan-24, «бо газ дар навбати аввал ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон таъмин мешаванд».

Зикр мегардад, ки интиқоли гази табиӣ тариқи лӯлаи интиқоли гази «Музробод – Душанбе» сурат мегирад, ки иқтидори интиқолиаш ба 125 ҳазор метри мураббаъ дар як соат баробар аст.

Қарордоди хариду фурӯши гази табиӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон санаи 9 март дар доираи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расид.

«Мувофиқи санади имзошуда, соли 2018 Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба маблағи 15,1 млн. доллар ҳудуди 126 млн. метри мукааб гази табиӣ интиқол медиҳад», – хабар дода буд ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Таъкид шуда буд, ки Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табииро бо арзиши 120 доллар барои 1 ҳазор метри мураббаъ мефурӯшад, ки дар муқоиса бо нархҳои ҳозира дар бозори ҷаҳонӣ (нархи биржавии имрӯза – 277 доллар барои ҳазор метри мураббаъ) беш аз 2 маротиба поинтар аст.

Ӯзбекистон соли 2012 интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ намуд. Истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон – КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ва чанде аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи сементбарории Душанбе маҳсуб меёфтанд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷа ҳамаи корхонаҳои Тоҷикистон, ки аз гази Ӯзбекистон истифода мекарданд, минбаъд ба гази синтезшудаи аз ангишт ҳосилшуда ё ба истифодаи худи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.