Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Хуҷанд бо мусоидати САҲА дар доираи ислоҳоти милитсия вохӯрии намояндагони ВКД бо шаҳрвандони манфиатдор ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ, ТҒД ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ доир мегардад. Макон: толори РВКД дар Хуҷанд. Оғоз соати 11:30; – Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Русия: Душанбе-2018» ба кор шурӯъ мекунад, ки дар он 35 муассисаи маорифи […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Хуҷанд бо мусоидати САҲА дар доираи ислоҳоти милитсия вохӯрии намояндагони ВКД бо шаҳрвандони манфиатдор ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ, ТҒД ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ доир мегардад. Макон: толори РВКД дар Хуҷанд. Оғоз соати 11:30;

– Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Русия: Душанбе-2018» ба кор шурӯъ мекунад, ки дар он 35 муассисаи маорифи ин кишвар шароитҳои таҳсили худро муаррифӣ мекунад;

– Дар Tcell Plaza дар Душанбе форум барпо мешавад, ки дар он директори генералии ширкати "Red Line Security agency" Шараф Ҳабибов дар мавзӯи таъмини амнияти шахсӣ изҳори назар мекунад;

– Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ «Шоми мусиқии фаронсавӣ» баргузор мешавад. Оғоз соати 18:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8402 сомонӣ;

1 евро – 10.9442 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1364 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи қайҳоннавардон.

1941 – Ифтитоҳи Даҳаи нахустини фарҳангу ҳунари тоҷик дар Маскав.

1995 – Мавриди истифода қарор гирифтани низоми ҷустуҷӯйии Yahoo!, ки дар ҷаҳон яке аз писандидаҳо гардид.

2014 — Фаромадани ярч дар деҳаи Одинабойи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод ба ҳалокати 13 нафар азъои як хонавода боис гардида, манзили зисти онҳо зери лойқа монд.

1907 – Зодрӯзи олими адабиётшинос, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода.

1912 – Зодрӯзи олим-муаррих, академик Баҳодур Искандаров.

1935 – Мавлуди нависанда, журналист ва арбоби давлатӣ Ибод Файзуллоев.

1939 – Зодрӯзи профессор Ҷумъа Шарифов.

1949 – Мавлуди журналист Мирзои Фирӯз.

1950 – Зодрӯзи нависанда, журналист ва Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам.

1969 – Мавлуди журналист Муҳаммади Эгамзод.

1972 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, овозхон Бахтиёр Иброҳимов.

1985 – Мавлуди пианинонавоз Хиромон Расулӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона 11+16.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +15+20.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3+2, рӯзона +13+18; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +22+27; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +14+19.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +26+28.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +13+15.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.