Таҳкими ҳимояи манфиатҳои амонатгузорон барои эътимоди дубораи мардум ба бонкҳо

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки милли Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими низоми бонкии кишвар ва рушди миёнравии молиявӣ дар дурнамои миёнамуҳлат як қатор тадбирҳоро амалӣ карданист.

Аз ҷумла таҳкими ҳимояи  ҳуқуқ  ва  манфиатҳои  истеъмолкунандагони хизматрасониҳои  низоми  бонкӣ,  тақвияти  боварии  аҳолӣ  ба  низоми бонкӣ  ва  баланд  бардоштани  сатҳи  маърифати  молиявии  аҳолии кишвар ба нақша гирифта шудааст.

«Ҷиҳати таъмини  суботи  молиявии  низоми  бонкӣ  ва  эмин нигоҳ доштани он  аз  таъсири  омилҳои  берунию дохилӣ,  татбиқи  сиёсати макропруденсиалӣ  ва  идоракунии  хавфҳо  татбиқ  мегардад,  ки мониторинг  ва  назоратро  аз  рӯи  иҷрои  меъёрҳои  пруденсиалӣ  аз ҷониби  ташкилотҳои  қарзии ҷумҳурӣ  ва коҳиш  додани хавфҳои  низоми бонкиро дар бар мегирад», – қайд мешавад дар Дурнамои сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон барои соли 2018  ва давраи миёнамуҳлат.

Дар ин ташаббусҳои Бонки миллӣ «такмил додани санадҳои  меъёрию  ҳуқуқӣ  барои беҳтар  намудани устувории низоми бонкӣ ва роҳандозии  сиёсати  макропруденсиалӣ  ва  идоракунии  хавфҳои низоми бонкӣ» пешбинӣ шудааст.

Вобаста ба ин, ҷиҳати дастрас гардидани устувории низоми бонкии кишвар  ва  рушди  миёнравии  молиявӣ, дар Бонки миллӣ дар давраи миёнамуҳлат (солҳои 2018-2020) татбиқи   татбиқи як қатор тадбирҳоро мувофиқи мақсад медонанд, ки ба «таҳкими низоми бонкӣ ва рушди миёнравии молиявӣ» мусоидат мекунанд.

Такмил додани санадҳои  меъёрию  ҳуқуқӣ  барои беҳтар  намудани устувории низоми бонкӣ,  пурзӯр ва самарабахш гардонидани назорати низоми бонкӣ, андешидани  чораҳо  барои  баланд  бардоштани  сатҳи идоракунии  корпоративӣ  дар  ташкилотҳои  қарзӣ, беҳтар  намудани услуби баҳодиҳӣ ва идоракунии хавфҳо, вусъат  додани  фаъолияти  ташкилотҳои  маблағгузории  хурд тариқи гузаштан аз миқдор ба сифат ва ғайра аз ҷумлаи чунин тадбирҳо унвон шудааст.

Дар баробари дигар тадбирҳои сершумор, ки амалисозиаш ҳамин сол ва ду соли наздик тарҳрезӣ шудааст, ҳамчунин ҳимояи  ҳуқуқ  ва  манфиатцои  истеъмолкунандагони

хизматрасониҳои  низоми  бонкӣ,  тақвияти  боварии  аҳолӣ  ба  низоми бонкӣ  ва  баланд  бардоштани  сатҳи  маърифати  молиявии  аҳолии кишвар низ дар назар дошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки низоми бонкии Тоҷикистон муддати се сол аст, ки давраҳои душворро паси сар мекунад: иҷозатномаи чанде аз бонкҳо бозхонд шуда, айни замон ҷараёни барҳамдиҳии онҳо идома дорад, баъзе аз дигар бонкҳои низомсози кишвар дар вартаи муфлисшавӣ қарор доранд. Аксари мизоҷони ин бонкҳо то ҳол маблағҳои амонатгузоштаи худро баргардонида наметавонанд. Табиист, ки чунин вазъ ба эътимоди умумии мардум ба низоми бонкӣ таъсири манфӣ расонид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...