Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ширкати Каритас ба ифтихори 10-солагии фаъолият дар Тоҷикистон ва Рӯзи пойтахт намоишгоҳи суратҳо ва бо иштироки Парвин Юсуфӣ, гурӯҳҳои «Западный квартал» ва «Zafar Band» консерт барпо мекунад. Оғоз соати 14:00, воридшавӣ озодона аст;

– Дар бинои Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон намоишгоҳи «Рӯзҳои таҳсилоти Қазоқистон» идома меёбад. Оғози кори намоишгоҳ соати 09:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8659 сомонӣ;

1 евро – 10.9875 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1441 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1935 – Дар ИҶШС ҷамъияти ихтиёрии варзишии «Спартак» таъсис ёфт.

1970 – Дар ИҶШС автомобили нахустини навъи ВАЗ-2101 «Жигули» истеҳсол карда шуд.

2012 — Дар вилояти Суғд нисбати гурӯҳи иборат аз 34 нафар ба иттиҳоми робита доштан бо Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ҳукм содир шуд.

2017 — Дар ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе ба маблағи беш аз 35 млн. доллар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

1904 – Зодрӯзи Ҳунарманди халқии ИҶШС Ғуломҳайдар Ғуломалиев.

1908 – Мавлуди доктори улуми биология, профессор Ориф Шукуров, ректори Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (солҳои 1953-1957), Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон (солҳои 1944-1953; 1961-1969).

1950 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев.

1962 – Мавлуди доктори улуми техникӣ Зайналобиддин Кобулиев.

1970 — Зодрӯзи журналист Манижа Қурбонова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, эҳтимоли раъду барқ ва боридани жола.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +4+9.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2+3, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +1+6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, раъду барқ. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +4+9.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +13+15.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +9+11.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...