ФАО: Дар Тоҷикистон ҳар сеюм нафар ба камбуди ғизо дучор аст

Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ сатҳи нисбатан баландтари камбуди ғизо барои аҳолиро ба қайд гирифтааст. Он ба Тоҷикистон рост меояд, ки ҳар сеюм нафар аҳолии кишвар ба он дучор аст. Дар гузориши ФАО «Вазъ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ» гуфта мешавад, давоми […]

Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ сатҳи нисбатан баландтари камбуди ғизо барои аҳолиро ба қайд гирифтааст. Он ба Тоҷикистон рост меояд, ки ҳар сеюм нафар аҳолии кишвар ба он дучор аст.

Дар гузориши ФАО «Вазъ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ» гуфта мешавад, давоми солҳои 2014-2016 дар Тоҷикистон 30,1 фоиз ё худ 2,6 млн. нафар ба камбуди ғизо дучор буданд.

Камшавии ин нишондиҳанда ба миқдори 40,2 фоиз аз солҳои 2005-007 қайд мешавад, яъне сатҳи нимгуруснагӣ ҳамасола қариб 1 фоиз кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон аз ҳама пасттар нишон дода шудааст, ки соли 2015 ҳамагӣ 933 долларро ташкил додааст.

Таҳлилгарони Ташкилот таъкид месозанд, ки сатҳи густариши камуди ғизо барои аҳолӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ начандон баланд буда, аз соли 1990 то соли 2016 минтақа ҳам дар коҳиши ҳиссаи фоиз ва ҳам шумор ба комёбиҳои назаррас ноил шуд.

«Бо вуҷуди ин, дар чанде аз кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ сатҳи густариши норасоии хӯрок барои аҳолӣ нисбатан баланд боқӣ мемонад. Сатҳи бештар баланди ин нишондиҳанда дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст», – қайд мешавад дар гузориш.

Ҳамчунин аз густариши сатҳи камбуди ғизо барои аҳолӣ дар Молдова (8,5%), Гурҷистон (7%), Қирғизистон (6,4%), Ӯзбекистон (6,3%), Сербия (5,6%) ва Туркманистон (5,5%) низ нигаронӣ изҳор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.