Эмомалӣ Раҳмон ба нақши нишасти сарони кишварҳои ОМ дар Остона баҳои баланд дод

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми сарвазири Қазоқистон Аскар Маминро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин роҳҳои густариши минбаъдаи он баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо аз самти тамоюлҳои мусбии ҳамкории самарабахши ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои охирин сафари бобарори расмии Президенти Тоҷикистон ба Остонаро, ки зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба даст омад, баҳри идомаи якҷояи кор оид ба татбиқи созишномаҳои музокироти сатҳи олӣ, муҳим арзёбӣ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани бастаи санадҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла “Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар” – ро, махсус таъкид намуд.

Зимни мулоқот инчунин масъалаи баланд бардоштани сатҳи робитаҳо дар доираи ҳамраисии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки дар он рушди маҷмӯии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ мегардад, муҳокима шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, диверсификатсияи тиҷорат миёни ду кишвар, рушди муносибатҳои байни минтақаҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва тиҷоратӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷ ва саноати сабук, бахусус дар соҳаҳои энергетика ва туризм, кишоварзӣ, инчунин дигар соҳаҳои бахши воқеии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои алоқа, нақлиёт, транзит, истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ, таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва таҳсилоти олӣ, аз мавзуъҳои дигари мулоқоти дуҷониба буд.

Сарвари давлат ба саҳм ва нақши Ҷаласаи охирини сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ санаи 15 март дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона дар самти рушди ҳамкории минтақавӣ баҳои баланд дода, натиҷаҳои онро баҳри ҳалли мушкилоти минтақавӣ муҳим арзёбӣ кард.

Ҷонибҳо бори дигар омодагии худро барои идомаву тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ ба хотири аз байн бурдани тамоми монеаҳои роҳи рушди муносибатҳои байнидавлатӣ иброз доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...