Бозгашти кӯдакони тоҷик аз Ироқ: Оишаи 17-сола миёни онҳо ҳузур надорад

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон чор нафар кӯдакони тоҷикро аз Ироқ ба ватан бозгардонид. Миёни онҳо Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммади 3-сола ҳузур доранд, ки дар паноҳгоҳе дар Ироқ қарор доштанд. Бародар ва хоҳари духтар Оиша мебошанд, ки ҳамон сол шабакаи телевизионии RT хабар дода буд. Худи Оиша ба ватан барнагашт. Сабабаш, тавре дар ВКХ […]

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон чор нафар кӯдакони тоҷикро аз Ироқ ба ватан бозгардонид. Миёни онҳо Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммади 3-сола ҳузур доранд, ки дар паноҳгоҳе дар Ироқ қарор доштанд. Бародар ва хоҳари духтар Оиша мебошанд, ки ҳамон сол шабакаи телевизионии RT хабар дода буд. Худи Оиша ба ватан барнагашт. Сабабаш, тавре дар ВКХ хабар доданд, ҳомиладории ӯст.

Ҳамроҳи ин кӯдакон 25 апрел тариқи хатсайри Маскав – Душанбе Марями 9-сола низ ба ватан баргашт, ки қаблан дар бораи ӯ ҳам маълумот дода будем.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои мусоидат дар ин кори хайр ба ниҳодҳои марбутаи Ироқ, Кумитаи Байналмилали Салиби Сурх ва ЮНИСЕФ изҳори сипос кард.

Дар департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикиситон хабар доданд, ки суди Ироқ оид ба ватан бозгардонидани 5 кӯдаки тоҷик, аз ҷумла Оиша қарор содир намуд.

«Аммо бинобар сабаби дар моҳи охирини ҳомиладорӣ қарор доштани Оиша, табибон алҳол ба аз Бағдод берун нарафтани ӯ тавсия доданд», – гуфтанд дар вазорат ва таъкид доштанд, ки баъди таваллуди тифл Оиша ба ватан бармегардад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли 2017 шабакаи телевизионии Russia Today хабар дод, ки Дар Ироқ духтари 16-солаи шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамсари бевамондаи ҷангии Давлати исломӣ (ДИ) дарёфт шуд.

Ӯ гуфтааст, дар роҳ ба паноҳгоҳ бо зане аз Русия бо ду кӯдакаш шинос шуда, вале дар роҳ зани русиягӣ аз бемории дил ҳалок мешавад.

«Нигоҳубини фарзандони ӯ – Марями 3-сола ва Фуадими 4-моҳаро ман ба уҳдаи худ гирифтам, – хабар дода будд аз қавли Оиша манбаъ. – Ному насаби модари духтарон номаълум буда, падарашон Самир ном дошт».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.