Раиси шаҳри Хуҷанд барои занони ҳунарманд 40 грант таъсис дод

Asia-Plus

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода 40 гранти Раиси шаҳр таъсис дода шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла: 5 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ; 10 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ таъсис дода шуд, ки дар маҷмӯъ 165 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Мутобиқи ин қарор шуъбаи кор бо занон ва оила, бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар сохторҳои марбута муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва тарѓиботию ташвиқотии грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2018 тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Гуфта мешавад, ин иқдом ҳамчунин баҳри бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ (бофандагӣ, дўзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чўбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ) дар доираи «Соли 2018-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» амалӣ карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки маблағи гранти Раиси шаҳр барои занони ҳунарманд соли гузашта 65 ҳазор сомониро ташкил медод ва имсол беш аз 100 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...