Ифтитоҳи беш аз 10 толори «МегаФон Тоҷикистон» дар Хатлон

Иттилоияи расмӣ

Моҳи апрел ширкати “МегаФон Тоҷикистон” зиёда аз 10 толори фирмавиро дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ифтитоҳ намуд. Акнун нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд муштариёни оператор метавонанд масъалаҳои мобилиро дар ҷойҳои боз ҳам қулай ҳал кунанд. 

“Оғози соли 2018-ро метавон давраи рекордҳои савдои хусусии мо шуморид: мо ҳамагӣ дар якчанд моҳ чӣ қадаре, ки пештар дар минтақа толор мавҷуд буд ҳамон миқдор толор ифтитоҳ намудем. Ин иқдом бо хоҳиши боз ҳам ба муштариён наздик шудан ва ба онҳо хизматрасониҳои босифатро дар ҷойҳои зарурӣ пешниҳод намудан, пешбинӣ карда шудааст”, – шарҳ медиҳад Роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

Толорҳои фирмавии “МегаФон Тоҷикистон” доираи васеи хизматгузориҳоро пешниҳод менамоянд: дар толорҳо на танҳо пайваст намудани нархномаи муфид, пурракунии ҳисоб ва харидорӣ кардани дастгоҳи мобилиро  метавон анҷом дод, балки онро барои истифодаи интернет ба кор андохтан ва масълаҳои дилхоҳро вобаста ба алоқаи мобилӣ ҳал кардан мумкин аст.

Макони ҷойгиршавии толорҳо низ қулай мебошад: онҳо дар мавзеҳои серодам кушода шудаанд – назди бозорҳо, марказҳои бузурги савдо ё биноҳои муҳими маъмурии шаҳрҳо ва шаҳракҳои Хатлон ифтитоҳ шудаанд.        

Толорҳои фирмавии нави ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташрифкунандагони худро бо суроғаҳои зайл интизор аст: ш.Бохтар кӯчаи Наринов ва кӯчаи Вахдат, ш.Кулоб кӯчаи Борбад ва кӯчаи Сангак Сафарова, н.Ёвон кӯчаи Р. Раҷабов  ва кӯчаи Бозорӣ, н.Ҷомӣ кӯчаи Сомониён, н.Ҷайхун кӯчаи А.Берунӣ, н.Ҷ.Балхӣ ҷамоати Нури Вахш, н. Дӯстӣ ҷамоати Ҷангалпарвар, н.Шаҳритуз кӯчаи И.Сомонӣ ва н. Восеъ ҷамоати Гулистон, деҳаи Гулистон. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...