Тасдиқи захираҳои бузургии илменит, монасит ва сиркон дар шарқи Тоҷикистон

Тибқи Барномаи рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон КВ «ЭИГП» дар яке аз объектҳои барномавӣ, зуҳуроти титани пошхўрдаи «Бошгумбез» воқеъ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ аз соли 2016 сар карда корҳои чустуҷўию арзёбӣ ҷараён дорад. Дар объекти мазкурсоли 1955 корҳои ҷустуҷўӣ – тафтишотӣ гузаронида шудааст. Дар ин марҳила дар се қитъаи пошхўрдаҳои майдони «Бошгумбез» бо воситаи кандани […]

Рамазонов Раҳим, геологи пешбари шуъбаи геологии КВ «Экспедитсияи иктишофи геологии Помир»

Тибқи Барномаи рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон КВ «ЭИГП» дар яке аз объектҳои барномавӣ, зуҳуроти титани пошхўрдаи «Бошгумбез» воқеъ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ аз соли 2016 сар карда корҳои чустуҷўию арзёбӣ ҷараён дорад.

Дар объекти мазкурсоли 1955 корҳои ҷустуҷўӣ – тафтишотӣ гузаронида шудааст. Дар ин марҳила дар се қитъаи пошхўрдаҳои майдони «Бошгумбез» бо воситаи кандани шурфҳои жарфашон 3м ва парма кардани як пармачоҳ то жарфи 80м дар қитъаи якум, ки айни ҳол дар ин қитъа корҳои ҷустуҷўию арзёбӣ гузаронида шуда истодаанд, файзнокии минералҳои муфид – монасит, сиркон ва илменит, муайян карда шудааст ва захираи дурнамои монасит дар се қитъа аз рўи натиҷаи як пармачоҳ, ба миқдори 112914 тонна ҳисобӣ гардидааст.

Файзнокии монасит 159,4 то 239,4 г/м3, сиркон аз 13,5 то 138 г/м3, илменит аз 115 то 889 г/м3 – ро ташкил медиҳад. Аз рўи натиҷаҳои ба даст омада, ки дар он вақт фақат захираи дурнамои монасит ҳисобӣ гардидааст, муаллифони онвақта пешниҳод менамоянд, ки объекти мазкур ояндадор буда, дар он бояд гузаронидани корҳои геологии дақиқ ба роҳ монда шаванд. 

Шурӯъ аз соли 2015 дар объекти мазкур тибқи лоиҳа ва супориши геологӣ, ки дар он муҳлати иҷроиши корҳо ва натиҷагирӣ то соли 2021 пешбинӣ гардидааст, гузаронидани корҳои ҷустуҷўию арзёбӣ дар қитъаи якуми майдони пошхўрдаҳои титани «Бошгумбез» ба роҳ монда шудааст.

Дар ду сол дар майдони қитъаи якум 6 пармачоҳҳои жарфашон 70м, бо усули зарбазанӣ – танобӣ парма гардида 9 шурф канда шудаанд. Аз пармачоҳҳо 420 ва аз шурфҳо 44 маҳакҳои таҳшинӣ бардошта шуда, дар ҶСК «Ташхисгоҳи геологӣ» аз ташхиси минералогӣ гузаронида шудаанд.

Дар 464 адад маҳакҳои таҳшинӣ, натиҷаи ташхиси минерологӣ нишон медиҳад, ки файзнокии минералҳои муфид – илменит аз 43 то 86% (миёна 65,08%), монасит аз 13 то 56% (миёна 34%), сиркон аз 45 то 100% (миёна 94,15%) – ро ташкил медиҳад, ки ин албата қаноатбахш мебошад.

Дар муқоиса файзнокии миёнаи минералҳои муфиди солҳои 1956 бо файзнокии солҳои 2016 – 2017 исботи худро ёфта, далели онро дорад, ки дар объекти мазкур идома додани омўзиш ба фоидаи кор мебошад.

Аз рўи натиҷаҳои ташхиси минералогии ҶСК «Ташхисгоҳи геологӣ», хулосаи пешакӣ баровардан мумкин аст, ки объекти мазкур ояндадор буда корҳои ҷустуҷўию арзёбӣ тибқи лоиҳа дар он давом дода шаванд.

Барои муқоиса дар поён маълумот оиди баъзе аз конҳои пошхўрдаҳои монасит, сиркон ва илменити кишварҳои хориҷӣ оварда мешавад.

Зуҳуроти «Янданука», ки дар округи ғарбии штати Австралияи Ѓарбӣ ҷойгир гардидаст, дар натиҷаи гузаронидани корҳои тадқиқоти минтақаи пошхўрдаи бойи тўлаш 4 км, паҳноӣ 600 -1000м ва ғафсии регҳои пошхўрдадор 4-20м, муайян гардидааст. Дар таркиби пошхўрдаҳо файзнокии монасит 15,1%, сиркон 13,1%, илменит 59,6% – ро ташкил медиҳанд.

Дар кони калонтарини Кампасл (Австралия) дар таркиби регҳои маъдани файзнокии илменит 12%, сиркон 30,5%, рутил 55% – ро ташкил медиҳад (Маркази иттиоолотии аналитикии "Минерал").

Дар ду ҳолат ҳам файзнокии минералҳои муфиди пошхўрдаҳои қитъаи якуми «Бошгумбез» баланд мебошад.

Қайд намудан лозим меояд, ки маълумотҳои дар боло оварда шуда маълумотҳои пешакӣ мебошанд ва маълумотҳои дақиқ оиди ояндадории зуҳуроти «Бошгумбез» баъд аз ба анҷом расонидани корҳои дар лоиҳа пешбинӣ гардида ба даст оварда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.