Тоҷикистону Умон ҷонибдори рушди ҳамкориҳои дуҷонибаанд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо  муовини вазири корҳои хориҷии Умон  Муҳаммад Ал-Зарафӣ дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, мулоқот дар остонаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд « Муқовимат  бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дир гардид, ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ мекунад. Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо алоқамандии самимии […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо  муовини вазири корҳои хориҷии Умон  Муҳаммад Ал-Зарафӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, мулоқот дар остонаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд « Муқовимат  бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дир гардид, ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ мекунад.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо алоқамандии самимии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию  тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ баён намуданд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷиҳати фаъол намудани равобити судманд, танзими табодули сафарҳо дар сатҳҳои гуногун ва ҳамкории намояндагиҳои дипломатии ду кишвар мувофиқи мақсад мебошад.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ, туризм баррасӣ намуда, ба зарурати тақвияти пояи шартномавию ҳуқуқӣ миёни ду кишвар таъкид намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.