Пешвои мухолифини Арманистон ба хушунат даст назаданро дархост кард

Интихоботи сарвазири нави Арманистон қарор аст, 8 май баргузор шавад. Дар ин бора раиси порлумони Арманистон Ара Баблоян нимаи рӯзи чаҳоршанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, номи номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми сарвазирӣ гуфта намешавад. Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳи Арманистон мегӯяд, аз номзаде пуштибонӣ хоҳад кард, ки ба камияш ӯро […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Интихоботи сарвазири нави Арманистон қарор аст, 8 май баргузор шавад. Дар ин бора раиси порлумони Арманистон Ара Баблоян нимаи рӯзи чаҳоршанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, номи номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми сарвазирӣ гуфта намешавад. Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳи Арманистон мегӯяд, аз номзаде пуштибонӣ хоҳад кард, ки ба камияш ӯро сеяки вакилон ҷонибдорӣ кунанд.

Ҷаласаи вижаи порлумони Арманистон барои интихоби сарвазир, ки қарор буд, рӯзи чоршанбе баргузор шавад, ба далели эътирозҳо барпо нагашт. Бино ба хабарҳо, бештари вакилон натавонистанд вориди бинои порлумон шаванд ва мухолифон низ ҷаласаро таҳрим карданд.

Бештари вакилони порлумони Арманистон 1 май зидди номзадии раҳбари мухолифон Никол Пашинян ба мақоми сарвазирӣ раъй доданд. Дар натиҷа Пашинян ҷонибдоронашро ба аз саргирии эътирозҳо даъват кард. Дар Ереван тамоми шоҳроҳу роҳи оҳан ва вуруд ба як қатор биноҳои ҳукуматӣ баста шуданд.

Пашинян аз ҷонибдоронаш хост, ки даст ба хушунат назананд ва дар доираи қонун амал кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.