Баррасии мубориза бо терроризм дар конфронси Душанбе

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулаззиз Комилов дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ мекунад, ширкат меварзад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон, дар доираи дар Тоҷикистон қарор доштан, ҳайти Ӯзбекистон як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ мегузаронад. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат […]

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулаззиз Комилов дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ мекунад, ширкат меварзад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон, дар доираи дар Тоҷикистон қарор доштан, ҳайти Ӯзбекистон як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ мегузаронад.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» имрӯз дар Душанбе ба кор оғоз мекунад.

Конфронси дурӯзаро ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо барпо мекунад.

Конфронс дар Китобхонаи милли ҷумҳурӣ доир гардида, дар кори он намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони воломақоми СММ, корпуси дипломатӣ ва шарикони рушд, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ иштирок мекунанд.

Барои иштирок дар кори конфронси Душанбе беш аз 400 нафар меҳмонон ба қайд гирифта шудаанд. Дар конфронс аз иштироки намояндагони 46 кишвари саросари ҷаҳон ва 30 ташкилоту ниҳодҳои байнулмилалӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ интизорӣ меравад.

Ҳадаф аз баргузории конфронс таҳкими ҳамкорӣ дар самти ошкор ва пешгирӣ кардани фаъолияти террористии фаромарзӣ, густариши заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории зиддитеррористӣ байни давлатҳо, баррасии мушкилот ва монеъаҳо дар роҳи амалисозии тадбирҳои зиддитеррористӣ, ҳамкорӣ дар мубориза бо киберҷинояткорӣ унвон мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.