Ҳукми зиндон ба муҳоҷир барои таваҷҷуҳ ба Кабирӣ

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Суди вилояти Хатлон сокини 32-солаи ноҳияи Вахшро барои таваҷҷуҳ ва паҳнкунии сабтҳои видео дар бораи раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикиситон манъшудаи наҳзати исломӣ ва генерали ошӯбгари Вазорати мудофиа Абдуҳалим Назарзода ба муҳлати зиёди зиндон маҳкум намуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди вилоят хабар дод, сокини 32-солаи ноҳияи Вахш Алиҷон Шарипов зимни муҳоҷират дар қаламрави Русия мунтазам сабтҳои видеои суханронии М.Кабирӣ ва гузоришҳо дар бораи Ҳоҷӣ Ҳалимро тамошову барчин карда, сипас байни дӯстони виртуалии худ паҳн мекардааст.

“Дар ҷараёни мурофиа Шарипов иқрор шуд, ки дарвоқеъ ҳам дар Русия ин сабтҳои видеоро тамошо мекардааст, лекин намедонистааст, ки тамошо ва паҳнкунии ин гуна маводи видео ва садо дар ватанаш манъ аст”, – қайд карданд дар суд.

Суд Алиҷон Шариповро дар таблиғу паҳнкунии ақидаҳои ифротгароӣ айбдор дониста, ӯро ба муҳлати 9,5 соли зиндон маҳкум кард.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро моҳи январ дар зодгоҳаш – деҳаи Меҳрободи ноҳияи Вахш баъди бозгашт аз муҳоҷират боздошт намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...