Каромат Шарипов: Дар сурати тасдиқи шаҳрвандии ман Конститутсияи Тоҷикистон риоя намешавад

Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 8 май мурофиа оид ба баррасии даъвои собиқ раиси ҳаракати умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” Каромат Шарипов нисбати ВКД Тоҷикистон шурӯъ шуд. Шарипов ВКД Тоҷикистонро ба пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ба Русия доир ба шаҳрвандии ӯ айбдор мекунад. Каромат Шарипов охири соли 2017 барои риоя накардани қонунгузории Русия, аз ҷумла ғайриқонунӣ […]

Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 8 май мурофиа оид ба баррасии даъвои собиқ раиси ҳаракати умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” Каромат Шарипов нисбати ВКД Тоҷикистон шурӯъ шуд. Шарипов ВКД Тоҷикистонро ба пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ба Русия доир ба шаҳрвандии ӯ айбдор мекунад.

Каромат Шарипов охири соли 2017 барои риоя накардани қонунгузории Русия, аз ҷумла ғайриқонунӣ гирифтани шиносномаи шаҳрванди Русия аз қаламрави ин кишвар хориҷ шуд. Худи ӯ мегӯяд, ҳеҷ гоҳ шаҳрванди Тоҷикистон набудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ВКД Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта ба дархости Русия маълумот додааст, ки Каромат Шарипов шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.

Зимни мурофиа намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки Шарипов бо сабаби пешниҳод накардани аризаи расмии хориҷ шудан аз шаҳрвандии кишвар шаҳрванди Тоҷикистон шуморида мешавад.

Ғайратҷон Шарипов, намояндаи Шуъбаи раводид ва бақайдгирии ВКД Тоҷикистон ба суд изҳор намуд, ки: “Мувофиқи қонун, то замони аризаи расмӣ надодани шахс барои баромадан аз шаҳрвандии ҷумҳурӣ, шаҳрвандии Тоҷикистони ӯ боқӣ мемонад. Аз Каромат Шарипов ба мо чунин ариза пешниҳод нашудааст”.

Аммо худи Каромат Шарипов ба ин ақида розӣ набуда, мегӯяд, мутобиқи Конститутсияи ҶТ ӯ шаҳрванди Русия маҳсуб меёбад.

“Соли 1980 ман аз қайд баромада натавонистам, зеро дар омӯзишгоҳӣ ҳарбӣ мехондам ва баъди таҳсил афсари артиши шӯравӣ будам. Он замон ба ҷуз шаҳодатномаи афсарӣ, дигар ягон ҳуҷҷате надоштам, дар артиш шиносномаи маро гирифтанд. Илова бар ин, агар шахс  муддати беш аз 10 сл дар ватанаш ҳузур надошта бошад, ӯ аллакай дигар шаҳрванди ин кишвар шуморида намешавад. Ман солҳои тӯлонӣ дар Тоҷикистон набудам. Танҳо соли 2011 бо дархости роҳбарони кишвар дар Тоҷикистон ҳузур доштам”, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” Каромат Шарипов.

Ба қавли номбурда, агар суд бобати шаҳрванди Тоҷикистон будани ӯ қарор қабул кунад, пас ин барои соҳибистиқлолии Тоҷикистон зарбае буда, риоя нашудани Конститутсияи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Мурофиаи навбатии судӣ оид ба баррасии даъвои Каромат Шарипов нисбати ВКД Тоҷикистон рӯзи 14 май баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Каромат Шарипов 12 декабри соли гузашта аз Русия хориҷ шуд. Суди вилояти Маскав қарори суди зинаи аввалро дар бораи гунаҳкор будани ӯ дар ғайриқонунӣ гирифтани шаҳрвандии Русия бетағйир боқӣ гузошт.

Тамоми муддати пас аз хориҷ шудан аз Русия ӯ бидуни ҳуҷҷату бекор дар Тоҷикистон қарор дорад.

Қаблан дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Шарипов изҳор дошта буд, ки «дар Аврупо зиндагӣ кардан мехоҳад».

«Ман дар Аврупо – Олмон зиндагӣ кардан мехоҳам. Бо дархости гирифтани мақоми гуреза дар ин кишвар муроҷиат карданиам. Дар Олмон ҳам ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷики машғули кор дар Русия омодаам. Ман забони олмониро медонам, замони Иттиҳоди Шӯравӣ шаша сол дар Олмон зиндагӣ кардаам. Бароям кор лозим аст, то ки зиндагимаро таъмин карда тавонам. Дар ин ҷо кор ёфта наметавонам», – гуфта буд ӯ он замон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.