Ҳайати КДАМ Тоҷикистон аз Кобул боздид кард

Рӯзҳои 7-9 майи соли ҷорӣ сафари ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумита Саймумин Ятимов ба шаҳри Кобул сурат гирифт. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, зимни сафари мазкур мулоқоту гуфтушунидҳо бо роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ, аз ҷумла Раиси Раёсати умумии амнияти миллии ҶИА Муҳаммад Маъсум Станикзай, Вазири мудофиа Баҳром Торуқшоҳ, Вазири корҳои дохилӣ […]

АМИТ “Ховар”

Рӯзҳои 7-9 майи соли ҷорӣ сафари ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумита Саймумин Ятимов ба шаҳри Кобул сурат гирифт.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, зимни сафари мазкур мулоқоту гуфтушунидҳо бо роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ, аз ҷумла Раиси Раёсати умумии амнияти миллии ҶИА Муҳаммад Маъсум Станикзай, Вазири мудофиа Баҳром Торуқшоҳ, Вазири корҳои дохилӣ Аҳмад Вайс Бармак ва мушовири Президенти ҶИА оид ба масъалаҳои амниятии ҶИА Ҳаниф Атмар баргузор шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, таъмини амнияти сарҳади давлатӣ миёни ҳарду кишвар, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, инчунин паҳлӯҳои дигари таъмини амният дар минтақа баррасӣ шуда, мувофиқаҳои зарурӣ ҳосил гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳайати номбурда аз ҷониби Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ пазируфта шуда, иродаи роҳбарони сиёсии ҳарду кишвар дар бораи таҳкими муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ ва мавқеи ягона дар масъалаҳои муқовимат бо хатарҳои амниятӣ таъкид гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.