Ҳукми зиндон ба муҳоҷир барои таваҷҷуҳ ба Кабирӣ

Суди вилояти Хатлон сокини 32-солаи ноҳияи Вахшро барои таваҷҷуҳ ва паҳнкунии сабтҳои видео дар бораи раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикиситон манъшудаи наҳзати исломӣ ва генерали ошӯбгари Вазорати мудофиа Абдуҳалим Назарзода ба муҳлати зиёди зиндон маҳкум намуд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди вилоят хабар дод, сокини 32-солаи ноҳияи Вахш Алиҷон Шарипов зимни муҳоҷират дар […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Суди вилояти Хатлон сокини 32-солаи ноҳияи Вахшро барои таваҷҷуҳ ва паҳнкунии сабтҳои видео дар бораи раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикиситон манъшудаи наҳзати исломӣ ва генерали ошӯбгари Вазорати мудофиа Абдуҳалим Назарзода ба муҳлати зиёди зиндон маҳкум намуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди вилоят хабар дод, сокини 32-солаи ноҳияи Вахш Алиҷон Шарипов зимни муҳоҷират дар қаламрави Русия мунтазам сабтҳои видеои суханронии М.Кабирӣ ва гузоришҳо дар бораи Ҳоҷӣ Ҳалимро тамошову барчин карда, сипас байни дӯстони виртуалии худ паҳн мекардааст.

“Дар ҷараёни мурофиа Шарипов иқрор шуд, ки дарвоқеъ ҳам дар Русия ин сабтҳои видеоро тамошо мекардааст, лекин намедонистааст, ки тамошо ва паҳнкунии ин гуна маводи видео ва садо дар ватанаш манъ аст”, – қайд карданд дар суд.

Суд Алиҷон Шариповро дар таблиғу паҳнкунии ақидаҳои ифротгароӣ айбдор дониста, ӯро ба муҳлати 9,5 соли зиндон маҳкум кард.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро моҳи январ дар зодгоҳаш – деҳаи Меҳрободи ноҳияи Вахш баъди бозгашт аз муҳоҷират боздошт намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.