Шеърҳои ӯ ҷовидона боқӣ мемонанд. Маросими видоъ бо Бозор Собир

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Имрӯз дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб маросими ҷанозаи шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир баргузор шуд.

Маросими ҷанозаи шоир бо имоматии Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, баргузор шуд. Сипас ҷасади шоирро барои ба хок супурдан ба оромгоҳи Лучоб оварданд.

Дар маросими видоъ бо шоир роҳбарони мақомоти давлатӣ, зиёиён, аҳли ҷомеа ва ҳаводорони зиёди шоир ҳузур доштанд. Ба маросими видоъ бо шоир ёварони президенти ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Асадулло Раҳмон роҳбарӣ карданд. Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ низ барои гусели шоир ба роҳи охират омада буд.

Ҷасади шоири маъруф паҳлӯи дигар шоирони шинохтаи тоҷик – Лоиқ Шералӣ ва Ғаффор Мирзо ба хок супурда шуд.

Зимни ёдоварӣ аз кору зиндагии марҳум раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим изҳор намуд, ки шоир мардуми сарзамини худ ва Ватанро хеле дӯст медошт ва тамоми осораш саршори ин гуна афкор аст.

 «Дар ин кор барои бисёре аз мо ӯ намунаи ибрат буд. Бале, Бозор даргузашт, вале ашъори ӯ ҷовридона боқӣ хоҳад монд. Наслҳои нави қаламкашони Тоҷикистон роҳи ин фарзанди бешак барӯманди тоҷикро идома хоҳанд дод», – иброз дошт номбурда.

Яке аз дӯстони Бозор Собир зикр кард, ки вақте шоир аз ИМА бба ватан омад, чунин гуфта буд: «Ман барои мурдан ин ҷо омадам. Мехоҳам, ки дар ватан гӯручӯб шавам. Ба гуфтаи ӯ, «ба Тоҷикистон овардани ҷасади шоир тантана ва пирӯзии ақли солим аст».

Пас аз маросими гурӯчӯб одамон назди хонаи шоир омада, ба арвоҳаш дуову фотиҳа карданд. Наздикони марҳум ба ҳамаи онҳое, ки ба маросими видоъ бо шоир иштирок доштанд, миннатдорӣ изҳор карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...