Рад шудани шикояти таҷдиди назари Beeline дар Суди олии иқтисодӣ

Asia-Plus

Ширкати «Таком», ки дар Тоҷикистон зери тамғаи Beeline хизматрасонии алоқаи мобилӣ пешниҳод мекунад, мурофиаи шикояти таҷдиди назари қарори зинаи поинро бохт. Баҳс ба нафъи Кумитаи андоз анҷом пазируфт.

Баҳси судӣ байни Кумитаи андози назди ҳукумат ва Beeline муддати якуним сол аст, ки идома дорад. Соли 2016 Кумита нисбати ширкат ду эътироз ба маблағи 45 млн. доллар пешниҳод намуд, хабар доданд дар ширкат (кадом қисматашро ширкат пардохту кадомашро не, маълум нест).

Дар натиҷа бо назардошти андозҳои оддӣ ва боҷҳо, соли 2016  ҳаҷми тамоми сарбориҳо ба ширкат ҳудуди 76 млн. долларро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки пули умумии «Таком» ба 68 млн. доллар баробар буд.

Дар робита ба ин, бо изҳори норозигӣ нисбати эътирозҳои андозӣ Beeline аз болои қарори Кумитаи андоз ба Суди иқтисодӣ шикоят бурд.

Суди иқтисодӣ шикояти Beeline-ро қонеъ насохта, ширкат аз болои қарори зинаи поёнӣ ба Суди олии иқтисодӣ шикояти таҷдиди назар бурд.

Дар навбати худ Суди олии иқтисодӣ қарори Суди иқтисодиро бетағйир боқӣ гузошт.

Тавре як манбаъ аз ширкат ба «Азия-Плюс» илова намуд, қарори Суди олии иқтисодӣ ҳанӯз ҳафтаи гузашта қабул шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки дар баробари Beeline ҷаримаи боз ду ширкати дигар – Мегафон Тоҷикистон ва Tcell низ 150 млн. сомонигӣ (18 млн. доллар)-ро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, санаи 5 апрел холдинги голландии VEON Ltd дар бораи фурӯши воҳиди худ дар Тоҷикистон – ҶДММ «Таком» (тамғаи «Билайн») ба ZET Mobile Limited-и тоҷикистонӣ изҳорот пахш намуд.

Дар ширкат он вақт ин тасмимро чунин шарҳ дода буданд, ки Хадамоти алоқа, ки ҳуқуқи махсуси таъмин бо интернетро дорост, ба сифати фишор ба ширкат барои қарзҳо, шабакаи онҳоро қатъ карда, дар натиҷа сифати алоқа бад шудааст.

«Ширкат хароҷоти дигар низ дорад: пардохт барои Маркази ягонаи коммутатсионӣ, барои рақам, андозҳои аксизӣ. Ҳамаи ин ва дигар мушкилот VEON Ltd-ро ба фурӯши ширкати худ дар Тоҷикистон маҷбур сохт», – қайд шуда буд он замон.

Ширкат ба чӣ қадар маблағ фурӯхта шудааст, маълум нест. Кӣ молики ин ширкат буданаш ҳам возеҳ нест, танҳо маълум аст, ки он тоҷикистонӣ мебошад.

Тавре як манбаъ аз ширкат хабар дод, дар ҳамин ҳол, «Билайн» бозори Тоҷикистонро тарк намекунад. Тибқи шартҳои муомилот тамға (бренд) дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...