Тоҷикистону Беларус харитаи роҳи ҳамкорӣ то соли 2020-ро муайян карданд

Шоми 14 май Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рӯзи 15 май маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид. Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Касри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти […]

Asia-Plus

Шоми 14 май Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рӯзи 15 май маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Касри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сатҳи баланди дастовардҳои ҳамкории Тоҷикистону Беларусро қадр мекунад ва ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ин ҳамкорӣ мебошад.

Дар фарҷоми музокирот маросими имзои бастаи санадҳои дуҷониба, ки аз 15 созишнома иборат буда, аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларусро дар бар мегиранд, сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Изҳороти муштаракро дар хусуси таҳкими дӯстӣ ба имзо расониданд.

Дар ҳузури сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко санадҳои зерини байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида шуданд:

– Барномаи машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2018-2019;

– Нақшаи чорабиниҳо дар бораи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2018-2019;

–  Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Беларус;

– Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Беларус;

– Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тибби судӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Беларус;

– Созишнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Белорус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти томактабӣ;

– Созишнома байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

– Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

– Барномаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Беларус “Харитаи роҳ” барои солҳои 2019-2020;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амволи Ҷумҳурии Беларус;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи назорати давлатии Ҷумҳурии Беларус;

– Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Беларус;

– Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020 ҷиҳати иҷрои Созишнома байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, ки 28 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе имзо шудааст;

– Созишномаи ҳамкории таълимӣ ва илмӣ байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Ҷумҳурии Беларус.

Дар изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Беларус Александр Лукашенко Сарвари давлати Тоҷикистон қайд кард, ки барои Тоҷикистон Беларус шарики муҳим дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ буд ва хоҳад монд ва имрӯз муносибатҳои ду кишвар бар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн бо суръат рушд мекунанд.

«Бастаи ҳуҷҷатҳои имрӯз қабулшуда заминаи ҳуқуқии ҳамкории моро мукаммал сохта, соҳаҳои иқтисод, маориф, илм ва робитаҳои байниминтақавиро фаро мегирад, – омадааст дар изҳорот. – Харитаи роҳ оид ба татбиқи Барномаи байнидавлатии ҳамкории иқтисодӣ барои ду соли оянда яке аз санадҳои муҳими ин баста мебошад».

Дар изҳороти муштараки Сарони кишварҳо зикр шуд, ки ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати таҳкими муколамаи сиёсӣ иброз намуданд, роҳҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ва ҳамкориҳоро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ муайян карданд.

«Тарафҳо зарфиятҳои бузурги таърихию фарҳангӣ, мероси ғании маънавии мардумони ҳар ду кишварро қайд намуда, манфиатдории худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илму техника, санъат ва фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ таъкид намуданд ва омодагиро ҷиҳати мусоидати фаъол баҳри истиқрори тамосҳо дар он соҳаҳо баён карданд», – қайд мешавад дар изҳорот.

Гуфта мешавад, Президентҳо қайд намуданд, ки гуфтушунидҳои пурсамари баргузоршуда, инчунин санадҳои дуҷонибаи зимни сафар имзошуда ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус бар асоси шарикӣ, баробарҳуқуқӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамдигар саҳмгузор  хоҳанд буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.