Кордкашӣ дар муноқиша: ҷанҷоли наврасон дар Хатлон

Ин ҳодиса дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рух дода, сокини ноболиғи ноҳия зимни муноқишаи лафзӣ ба ҳамсоли худ бо корд ҳамла кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, навраси кордкашида ба гумони қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ боздошт шудааст. Дар маълумоти ВКД қайд мешавад, ки ба мақомоти милитсия зани 44-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар он […]

Asia-Plus

Ин ҳодиса дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рух дода, сокини ноболиғи ноҳия зимни муноқишаи лафзӣ ба ҳамсоли худ бо корд ҳамла кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, навраси кордкашида ба гумони қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ боздошт шудааст.

Дар маълумоти ВКД қайд мешавад, ки ба мақомоти милитсия зани 44-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки, ноболиғ, писарбаччаи 17-солаи сокини ноҳияи мазкур, бо писари ноболиғи 17-солааш, ки сокини ҳамин ноҳия мебошад, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ба қафаси синааш мезанад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона қарор дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.