Дар фурудгоҳҳои Русия ба гузаронидани сабзавоту меваи Тоҷикистон иҷоза медиҳанд

Тоҷикистону Русия дар бораи эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои азназаргузаронии гумрукӣ нисбати сабзавоту мева ба мувофиқа расиданд, аммо қарордод на ба ҳама гузарогоҳҳо дахл дорад. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дастур дода мешавад, ки протоколи аз ҷониби мақомоти кишварҳо баимзорасида дар бораи эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои азназаргузаронии гумрукӣ нисбати навъҳои муайяни маҳсулот тасдиқ шавад. Тавре аз замима ба протокол […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистону Русия дар бораи эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои азназаргузаронии гумрукӣ нисбати сабзавоту мева ба мувофиқа расиданд, аммо қарордод на ба ҳама гузарогоҳҳо дахл дорад.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дастур дода мешавад, ки протоколи аз ҷониби мақомоти кишварҳо баимзорасида дар бораи эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои азназаргузаронии гумрукӣ нисбати навъҳои муайяни маҳсулот тасдиқ шавад.

Тавре аз замима ба протокол бармеояд, зери мафҳуми «навъҳои муайяни маҳсулот» сабзавоту мева дар назар дошта шудааст.

Ба сифати гузаргоҳҳое, ки дар доираи амалисозии протокол истифода мешаванд, нуқтаҳои азназаргузаронии гумрукӣ дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоби Тоҷикистон ва фурудгоҳҳҳои русиягии Домодедово (Маскав), Пулково (Санкт-Петербург) ва Толмачёво (Новосибирск) зикр шудаанд.

Протоколро моҳи октябри соли гузашта сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб ва роҳбари Хадамоти федералии гумруки Русия Владимир Булавин ба имзо расонида буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.