Фатвои имкони рӯза нагирифтани деҳқонон ва бинокорони Роғун

Мувофиқи фатвои содирнамудаи муфтии Тоҷикистон, ба бинокорони нерӯгоҳи Роғун имкони рӯза нагирифтан дар моҳи Рамазон тавсия дода шудааст. Қаблан дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита изҳор намуда буд, ки моҳи Рамазон фақат маънии рӯза гирифтану аз кору фаъолият даст кашида, дар кунҷи хона нишастанро надорад, яъне бо гирифтани […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Мувофиқи фатвои содирнамудаи муфтии Тоҷикистон, ба бинокорони нерӯгоҳи Роғун имкони рӯза нагирифтан дар моҳи Рамазон тавсия дода шудааст.

Қаблан дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита изҳор намуда буд, ки моҳи Рамазон фақат маънии рӯза гирифтану аз кору фаъолият даст кашида, дар кунҷи хона нишастанро надорад, яъне бо гирифтани рӯза қонеъ шуда, фардоро андеша накардан сифати муъмини комил нест, баръакс муъмини комил дурбин ва фарқкунандаи неку бад буда, тибқи фармудаҳои дини мубини ислом саодати зиндагии ин дунё ва охиратро талаб менамояд.

«Агар мо дар ин моҳ, ки ба мавсими киштукор ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, яъне маводи ғизоӣ рост меояд, заҳмат накашем, фурсат аз даст меравад, ҳосил талаф мешавад ва табиист, ки дар зимистон аҳли хонадони мо ба сахтиву мушкилот дучор мешаванд», – таъкид дошта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамчунин хотиррасон кард, ки моҳи ноябри соли равон бояд агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ба истифода дода шавад, ки «бо обилаи дасти худамон ва фарзандони миллати тоҷик месозем, ки ҳеҷ кас бовар надошт».

«Ҳеҷ кас бовар надошт, ки тоҷикон худашон нерӯгоҳи Роғунро сохта метавонанд. Аз ин рӯ, бинокорон моҳи Рамазон метавонанд рӯза нагиранд, то ки сохтмони иншоот ба як сол дароз нашавад», – қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Баъдан раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун боздид ва бо коргарони иншоот вохӯрда, итминон ҳосил кард, ки бинокорон дар шароити душвор кор мекунанд ва рӯзагирӣ дар чунин вазъият хеле мушкил меояд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Маркази исломӣ маълум шуд, муфтии Тоҷикистон баъди бозгашт фатво содир намудааст, ки мувофиқи он, коргарони нерӯгоҳи Роғун дар моҳи Рамазон метавонанд рӯза нагиранд, вале ин амалро баъдан, дар вақти барояшон муносиб анҷом дода метавонанд.  

Тамоми рақаму далелҳои марбут ба нерӯгоҳи Роғун дар инфографикаи мо 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.