Аз Русия ба Тоҷикистон боз 30 омӯзгори дигар меоянд

Asia-Plus

Русия шумори омӯзгорон аз ин кишварро, ки бо забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон дарс мегӯянд, ду маротиба зиёд мекунад. Дар ин бора «Парламентская газета» бо такя ба муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия Евгений Бушмин хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти нашрия, аз 29 нафар омӯзгороне, ки соли гузашта ба Тоҷикистон омада буданд, 8 нафарашон ба Русия баргашта, боқимонда 21 нафари дигар боз як соли дигар дар Тоҷикистон кор мекунанд, зеро мактаб ва шароитҳои кор дар он ба онҳо писанд омадааст.

Ҳамин тариқ, аз 1 сентябри соли 2018 беш аз 50 нафар омӯзгорони русиягӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дарс хоҳанд гуфт.

Бушмин қайд мекунад, ки иштироки омӯзгорони русиягӣ дар кор бо ҳамватанони муқими ИДМ ва пешбурди забони русӣ дар қаламрави пасошӯравӣ кофӣ нест.

Ӯ хотиррасон кардааст, ки соли гузашта сенаторон барномаи монанд ба аввали асри ХХ-ро оғоз намуданд, ки он замон омӯзгорони рус ба деҳаҳо омада, сокинонро забони русӣ меомӯзониданд.

«Ҷониби Тоҷикистон ба ин лоиҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд, ҳарчанд қаблан ин ба мушоҳида намерасид. Онҳо дархост намуданд, ки дар соли хониши нав боз 30 омӯзгор аз Русия ба мактабҳои онҳо фиристода шаванд», – мегӯяд Бушмин.

 «Бар ин назарам, ки фиристодани омӯзгорони мо ба марказҳои фарҳангӣ дар ҳамсоякишварҳо барои дарс додани фанҳо бо забони русӣ комилан имконпазир аст. Айни замон мо аллакай чунин пешниҳодҳоро аз як қатор кишварҳои ИДМ низ баррасӣ дорем. Ҳамчунин андешае рӯйи кор омад, ки ин таҷриба дар кишварҳои хориҷи дур, ки ба омӯзгорони мо тавааҷӯҳ пайдо мешавад, низ амалӣ шавад», – илова кардааст номбурда.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли гузашта 29 нафар омӯзгорони русиягӣ аз Бошқирдистон, Тотористон, Доғистон, вилоятҳои Оренбург, Кемерово ва Кострома барои кор ба Тоҷикистон омаданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...