ХБА додани қарзи навбатии имтиёзнокро ба Тоҷикистон имконпазир медонад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) изҳор мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба баррасии барномаи имконпазир оид ба дастгирии ҷумҳурӣ аз ҷониби Хазина ноил гардиданист.

«Ҳукуматдорони Тоҷикистон ишора намуданд, ки хостори баррасии барномаи имконпазире мебошанд, ки аз ҷониби Хазина дастгирӣ шавад», – омадааст дар изҳороти ҳайати ХБА баъди анҷоми сафар ба Тоҷикистон.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки гуфтушунидҳо оид ба роҳандозии барномаи нав метавонанд моҳҳои наздик, баъди «омодагии дақиқи ҳарду ҷониб, ҳукуматдорони Тоҷикистон ва кормандони ХБА оғоз шаванд».

«Бо мақсади фароҳам овардани замина барои гуфтушунидҳо оид ба барнома, ҳукумати Тоҷикистон аллакай тадбирҳоеро роҳандозӣ намуд, ки бозгӯи пешрафти ислоҳот мебошанд», – баён мешавад дар изҳорот.

Расо як сол пеш низ намояндагони ҳайати Хазина аз рӯи натиҷаҳои сафар ба Тоҷикистон чунин изҳори назар карда буданд.

Қобили зикр аст, ки гуфтушунидҳо оид ба аз ҷониби ХБА ба Тоҷикистон ҷудо шудани қарзи навбатӣ муддати тӯлонӣ – аз соли 2012 идома доранд.

Муҳлати амали барномаи пешини сесолаи қарзи ХБА, ки ин ниҳод ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарзи имтиёзнок дод, ҳанӯз моҳи июли соли 2012 ба итмом расида, тирамоҳи ҳамон сол раҳбарияти Тоҷикистон бо дархости кумак ба Хазина муроҷиат кард.

Намояндагони ХБА он замон изҳор доштанд, ки моҳҳои наздик мувофиқаи барномаи минбаъдаи сессола муяссар мегардад, вале муддати аллакай 6 сол аст, ки гуфтушунидҳо дар ин самт идома дошта, лекин то ҳол натиҷаи мушаххасе ҳосил нашудааст.

Дар доираи барномаи нави зикршуда Тоҷикистон барои дастгирии иқтисоди кишвар аз ХБА ба маблағи 500 млн. доллар қарзи имтиёзнок дастрас карданӣ буд.

Моҳи ноябри соли гузашта дар Душанбе машваратҳои ХБА бо Тоҷикистон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он зикр гардид, ки «марҳилаи минбаъда баррасии шарт ва тадбирҳои сиёсат дар доираи барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ хоҳад буд».

«Тасдиқи барномаи нав бо ХБА қариб дар ҳама кишварҳо хеле зиёд тӯл кашида, ба он вобаста аст, ки ҳамаи шарту тадбирҳои пешакии барнома бояд бо назардошти хавфу омилҳое, ки дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ баъзан вақт ба расидан ба созиш монеъа эҷод мекунанд, мувофиқа шаванд», – гуфта буданд дар Бонки миллӣ.

Зимнан зикр гардида буд, ки дар иҷрои тадбирҳои пешакии сиёсати қарздиҳии пешниҳодшуда аз ҷониби ХБА Тоҷикистон айни замон ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

«Барномаи нави ХБА пеш аз ҳама, ба дастгирии стратегияи иқтисодии Тоҷикистон, ноил гардидан ба суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ ва дар баробари ин афзоиши рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ, ҳамчунин дастгирии тавозуни пардохт ва устувории захираҳои байнулмилалии кишвар нигаронида шудааст», – афзуданд дар БМТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...