Масъулияти куштори 3 нафар дар Белгияро ДИ бар дӯш гирифт

Гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) масъулияти ҳамлаи шаҳри Лежи Белгияро ба зимма гирифт. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи пайгири фаъолияти тундравон дар Интернет SITE, рӯзи сешанбе дар маркази Леж марди мусаллаҳе се нафарро паронд. Ду тани ҳалокшудаҳо занон – кормандони пулисанд. Гуфта мешавад, ду корманди пулиси дигар захмӣ шуданд. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) масъулияти ҳамлаи шаҳри Лежи Белгияро ба зимма гирифт.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи пайгири фаъолияти тундравон дар Интернет SITE, рӯзи сешанбе дар маркази Леж марди мусаллаҳе се нафарро паронд. Ду тани ҳалокшудаҳо занон – кормандони пулисанд.

Гуфта мешавад, ду корманди пулиси дигар захмӣ шуданд. Худи ҳамлагар маҳв карда шуд. Ӯ пеш аз ин ҳамла як марди 30-солаи дигарро низ парондааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҳамлагар Бенжамен Эрмани 36-сола ном бурда мешавад. Ӯ пештар бо ҷурми "ҷинояткории сабук" суд шуда буд. Пулис мегӯяд, ҳамлагар дар зиндон зери таъсири ақидаҳои тундгароӣ қарор гирифтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.