Кумаки “МегаФон Тоҷикистон” ба донишҷӯён дар пайвастани назария бо амалия

Дар вилояти Суғд мастер-классҳои муштарак, ки аз ҷониби намояндагони макотиби олӣ ва ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешаванд, идома доранд. Мастер-класси сеюм ба робитаи мутақобилаи соҳаҳои маркетинг ва алоқа бо ҷомеа – ташкил ва пешбарии бренд ва дурнамои кор бо рақибон” бахшида шуда буд.   Ҳамкории […]

Дар вилояти Суғд мастер-классҳои муштарак, ки аз ҷониби намояндагони макотиби олӣ ва ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешаванд, идома доранд. Мастер-класси сеюм ба робитаи мутақобилаи соҳаҳои маркетинг ва алоқа бо ҷомеа – ташкил ва пешбарии бренд ва дурнамои кор бо рақибон” бахшида шуда буд.  

Ҳамкории ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва донишгоҳ аллакай солҳои дароз идома дорад. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи нави муштарак омӯзгорони донишгоҳ оид ба назария, ташкили имиҷи мусбати ширкат ва таҳкими бренд дар шароитҳои рақобати баланд дар бозор маълумотҳо дода, иштирокчиён дар ин робита маслиҳатҳои муфиди аз таҷрибаи оператори алоқа асосгирифтаро ба даст оварданд. Ҷолиб он аст, ки муаррифии “МегаФон Тоҷикистон” ба тариқи онлайн бо ёрии интернети баландсуръати мобилӣ ташкил карда шуд – ин як мисоли равшани таъсири мусбати сифати баланди хизматрасониҳо ба имиҷи ширкат ба шумор меравад.

“Мо кӯшиш менамоем, ки мастер-классҳо дар навбати аввал ба кормандони ояндаи соҳаи PR маркетинг фоида оварда тавонанд. Ва бо як вохӯрии дар донишгоҳ баргузоршуда мо доираро маҳдуд намекунем: дар ҷамъбасти чорабиниҳо донишҷӯёни фаъолтарин имкон пайдо мекунанд, ки дар ширкат аз таҷрибаомӯзӣ гузаранд”, – изҳор доштанд Роҳбари Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.

Ноиб декани факултаи Молия ва иқтисодиёти бозор Наргиза РАҲМАТОВА инчунин аҳамияти бузурги чунин омӯзиши донишҷӯёнро қайд намуданд. “Чунин вохӯриҳо барои такмилдиҳии донишҳо дар соҳаи идоракунии имиҷи ширкати худ имконияти нодир ба ҳисоб мераванд. Ман мутмаинам, ки на танҳо донишҷӯён, балки омӯзгорон низ маълумоти зиёди судмандро дар ҷараёни онҳо ба даст оварданд”, – зикр намуданд Наргиза РАҲМАТОВА.

Мастер-класси оянда барои донишҷӯёни Суғд “МегаФон Тоҷикистон” дар моҳи сентябри соли равон доир хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".