Ҷавонзани фархорӣ ҳамсари пирашро то марг лату кӯб кард

Кормандони милитсия рӯзи 4 июн дар заминҳои деҳаи Гулшани ноҳияи Фархор ҷасади марди 78-солаи сокини деҳаи Гулшанро бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба гумони даст доштан дар ин куштор ҳамсари 31-солаи марҳум боздошт шудааст, ки қаблан мутобиқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Кӯдаки навзоди худро куштани модар) […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия рӯзи 4 июн дар заминҳои деҳаи Гулшани ноҳияи Фархор ҷасади марди 78-солаи сокини деҳаи Гулшанро бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба гумони даст доштан дар ин куштор ҳамсари 31-солаи марҳум боздошт шудааст, ки қаблан мутобиқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Кӯдаки навзоди худро куштани модар) маҳкум шудааст.

Гуфта мешавад, дар заминҳои канори ҳавлии истиқоматӣ ҳамсарон ба муноқишаву ҷангу ҷанҷол пардохта, зан бо мушту лағат якчанд маротиба ба пушти сари мард задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.