Таҳияи лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ байни Тоҷикистону Русия

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин  дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, зимни вохӯрӣ Нуъмон Абдуғаффорзода оид ба захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, бахусус имтиёзҳои ҷоришудаи андозию гумрукӣ аз ҷониби ҳукумат ба соҳибкорону тоҷирон маълумот дода, оид ба тамдиди муҳлати бақайдгирӣ, ки […]

Иттилоияи расмӣ

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин  дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, зимни вохӯрӣ Нуъмон Абдуғаффорзода оид ба захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, бахусус имтиёзҳои ҷоришудаи андозию гумрукӣ аз ҷониби ҳукумат ба соҳибкорону тоҷирон маълумот дода, оид ба тамдиди муҳлати бақайдгирӣ, ки аз 3 рӯз то 10 рӯз тамдид карда шуд, ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон ҷиҳати баргузории форуми тиҷоратӣ бо иштироки ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳибкорони ҳарду кишвар дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, қайд кард, ки баргузории форуми мазкур дар доираи чорабиниҳои байналмилалӣ дар назар аст ва он баҳри мубодилаи таҷриба миёни соҳибкорони ду кишвар ва ҷалби самоягузорони Русия ба риштаи сайёҳии Тоҷикистон  заминаи мусоид фароҳам меорад.

Инчунин оид ба баррасии лоиҳаи созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки дар баррасии ҷониби Русия қарор дорад, сухан рафта, иброз доштанд, ки дар сурати имзо гардидани Созишномаи мазкур, ҳамкорӣ миёни ин ду кишвари бо ҳам дӯст боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Ғайр аз ин, перомуни ҷалби бештари сайёҳони Русия ба Тоҷикистон, хизматрасонӣ ба сайёҳони Федератсияи Русия дар самти саёҳати экологию шикор, табобатию солимгардонӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ин самт мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ёдрас мешавад, ки ҳамасола дар шаҳрҳои бузурги Русия намоишгоҳҳои бузурги байналмилалии сайёҳӣ гузаронида мешаванд. Соли ҷорӣ ду намоишгоҳи машҳури байналмилалии сайёҳӣ “Интурмаркет” ва “МИТТ” дар Русия баргузор гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.