КДАМ: Марзбонони қирғиз тафтиши муштараки ҳодисаро рад карданд

Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба тафтиши ҳодиса дар сарҳад бо Қирғизистон, ки шоми рӯзи 4 июн байни сарҳадбонон рух дод, оғоз намуд. Дар изҳороти дар ин робита интишоршудаи Қушӯнҳои сарҳадӣ таъкид мешавад, ки ҷониби Қирғизистон баргузории тафтиши муштараки ин ҳодисаро рад кардааст. Маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон изҳор медорад, ки «ҳамаи маълумоти нашршуда, иқтибосҳои […]

Asia-Plus

Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба тафтиши ҳодиса дар сарҳад бо Қирғизистон, ки шоми рӯзи 4 июн байни сарҳадбонон рух дод, оғоз намуд.

Дар изҳороти дар ин робита интишоршудаи Қушӯнҳои сарҳадӣ таъкид мешавад, ки ҷониби Қирғизистон баргузории тафтиши муштараки ин ҳодисаро рад кардааст.

Маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон изҳор медорад, ки «ҳамаи маълумоти нашршуда, иқтибосҳои сарҳадбонон ва журналистони қирғиз дар бораи ин ҳодиса асоси воқеӣ надорад».

«… Дар навори видеои аз ҷониби худи қирғизҳо нашршуда дида мешавад, ки муноқиша пешакӣ аз ҷониби Қирғизистон тарҳрезӣ шуда, нахуст марзбонони қирғиз ба ҳаво оташ кушоданд», – қайд мешавад дар изҳорот.

Дар идома гуфта мешавад, намояндагони мақомоти сарҳадбонии Қирғизистон баъди интизориҳои хеле зиёд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Қушӯнҳои сарҳадӣ, марзбонони боздоштшудаи Тоҷикистон аллакай ба ватан баргардонида шудаанд. «Ҳангоми боздошт ба онҳо зарари вазнини ҷисмонӣ расонида шуда, тарзи рафтори муқарраршуда дар хати сарҳад тибқи қарордоди мақомоти сарҳадбонии ҳарду ҷониб риоя нашудааст», – қайд мекунад хадамоти матбуот.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон, аз 4 нафар марзбонони тоҷик 3 нафарашон боздошт ва ба 1 нафар шояд пинҳон шудан аз ҷойи ҳодиса муяссар шудааст. Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, сарҳадбонони қирғиз автоматҳои ҳамтоҳои тоҷики худро (4 автомат) гирифтаанд. Айни замон автоматҳо баргардонида шудааст.

«Сарфи назар аз чандин муроҷиати хаттӣ дар мавриди амалҳои ғайриқонунии сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини наздимарзии Қирғизистон, ки ба тавофуқҳои ҳосилшуда дар сатҳи комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон созгор нестанд, якҷониба ба амалҳои иғвогарона дар қитъаҳои баҳсноки марз идома дода мешавад. Чунин амалҳои шаҳрвандони Қирғизистон вазъро муташанниҷ мекунад, ки барои рух додани муноқишаҳо бо иштироки сокинони минтақаи наздисарҳадӣ ва сарҳадбонон замина фароҳам меоварад», – омадааст дар фарҷоми изҳороти Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.