Каромат Шарипов аз болои қарори суд шикоят мебарад

Собиқ роҳбари ҳаракати умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов ният дорад, ки ҳафтаи оянда аз болои қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки даъвои ӯро нисбати ВКД Тоҷикистон қонеъ накард, ба суди шаҳри Душанбе шикоят барад. Рӯзи 4 июн суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои Каромат Шариповро нисбати ВКД Тоҷикистон қонеъ накарда, баррасии минбаъдаи парвандаро рад […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Собиқ роҳбари ҳаракати умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов ният дорад, ки ҳафтаи оянда аз болои қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки даъвои ӯро нисбати ВКД Тоҷикистон қонеъ накард, ба суди шаҳри Душанбе шикоят барад.

Рӯзи 4 июн суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои Каромат Шариповро нисбати ВКД Тоҷикистон қонеъ накарда, баррасии минбаъдаи парвандаро рад намуд: суд даъвои ӯро беасос эътироф намуда, шаҳрванди Тоҷикистон будани ӯро тасдиқ кард.

«Тибқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Шуъбаи раводид ва қайд (ОВИР)-и ВКД ҶТ, ман зодаи ноҳияи Файзобод соли 1980, замони Иттиҳоди Шӯавӣ шиноснома гирифта, то ҳол дар қайди он ҷо ҳастам ва мутаносибан шаҳрванди Тоҷикистон шуморида мешавам. Лекин ман гунаҳкор нестам, ки ин ҳуҷҷатҳо аллакай сад сол боз нав намешаванд. Он ҷо то ҳол бародари марҳумам дар қайд аст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» Каромат Шарипов.

Шарипов бар ин назар аст, ки ба суд фишор сурат гирифтааст. Ӯ бори дигар таъкид намуд, ки мувофиқи қонунҳо ва Конститутсияи Тоҷикистон, ҳамчунин ҳамаи санадҳои мавҷуда, ӯ ҳеҷ гоҳ шаҳрванди Тоҷикистон набуда, ҳамеша шаҳрвандии Русияро доштааст.

Ёдрас мекунем, ки Каромат Шарипов 13 декабри соли гузашта аз Русия хориҷ шуд. Суди вилояти Маскав қарори суди зинаи аввалро дар бораи гунаҳкор будани ӯ дар ғайриқонунӣ гирифтани шаҳрвандии Русия бетағйир боқӣ гузошт.

Тамоми муддати пас аз хориҷ шудан аз Русия ӯ бидуни ҳуҷҷату бекор дар Тоҷикистон қарор дорад.

Соли 2007 бо ташаббуси Каромат Шарипов анҷумани якуми халқиятҳои Тоҷикистон дар Русия доир гардида, дар бораи таъсиси ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» қарор қабул шуд. Шарипов бар асоси алтернативӣ якдилона раиси ин ҳаракат интихоб шуд.

Соли 2016 Суди олии Русия аризаи шикоятии маъмурии Вазорати адлияи Русияро дар бораи барҳам додани ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» барои қонуншикании ошкоршуда дар оиннома ва протоколи анҷуманҳо қонеъ намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.