Пардохти вақфу закот тавассути Интернет дар Ӯзбекистон

Ширкати Click дар ҳамкорӣ бо Бунёди ҷамъиятии хайриявии "Вақф" имкон фароҳам оварданд, ки мусалмонон вақфу закоташонро тавассути Интернет ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ пардохт кунанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, акнун анҷом додани пардохтҳои ҳатмии мусалмонӣ тавассути ҳамаи низомҳо ва дар ҳар макон мумкин шуд. Гуфта мешавад, закоту вақфи пардохтаи мусалмонҳо дар Ӯзбекистон ба […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ширкати Click дар ҳамкорӣ бо Бунёди ҷамъиятии хайриявии "Вақф" имкон фароҳам оварданд, ки мусалмонон вақфу закоташонро тавассути Интернет ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ пардохт кунанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, акнун анҷом додани пардохтҳои ҳатмии мусалмонӣ тавассути ҳамаи низомҳо ва дар ҳар макон мумкин шуд.

Гуфта мешавад, закоту вақфи пардохтаи мусалмонҳо дар Ӯзбекистон ба суратҳисоби махсуси Фонди ҷамъиятии "Вақф" интиқол ёфта, баъдан дар умури динӣ сарф мешавад.

"Роҳандозии чунин низом рӯйдоди ҷолибест. Бо назардошти он ки чунин имкон дар моҳи Рамазон иттифоқ афтод, ҳамаи мусалмонҳоро хушҳол мекунад", – гуфтааст Улуғбек Рустамов, мудири кулли ширкати Click.

Бунёди ҷамъиятии хайриявии "Вақф" ибтидои моҳи майи соли ҷорӣ дар Вазорати адлияи Ӯзбекистон сабти ном шуд. Яке аз ҳадафҳои бунёди мазкур сармоягузорӣ дар бозсозии масҷидҳо, маконҳои муқаддас ва дигар иншооти динӣ унвон мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.