Муҷозоти кормандони милитсияи Қирғизистон барои қатли духтар дар бинои ШКД

Вазорати умури дохилии Қирғизистон санҷиши дохилиро дар робита ба куштори Бурулай Турдаалӣ қизии 20-сола дар шуъбаи пулиси ноҳияи Жайил ба поён расонд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, яке аз муовинони сардори шуъба барканор ва якеи дигар ба иҷрои номуносиби вазифаи хидматӣ айбор шудааст. Гуфта мешавад, ҳамчунин муфаттиши шуъбаи пулиси Жайилро ба хотири сари […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати умури дохилии Қирғизистон санҷиши дохилиро дар робита ба куштори Бурулай Турдаалӣ қизии 20-сола дар шуъбаи пулиси ноҳияи Жайил ба поён расонд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, яке аз муовинони сардори шуъба барканор ва якеи дигар ба иҷрои номуносиби вазифаи хидматӣ айбор шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин муфаттиши шуъбаи пулиси Жайилро ба хотири сари вақт баррасӣ накардани ариза дар бораи дуздида шудани духтар, ки боиси куштори ӯ ва паст гардидани обурӯи кормандони пулиси қирғиз шуд, аз мақомаш барканор карданд.

Сардори бахши назорати роҳҳо ва сарнозири қисми навбатдори шуъбаи мазкур аз мақомҳои худ барканор шуда, як қатор кормандони дигар танбеҳ гирифтанд. Дар натиҷаи санҷиши дохилии мазкур ҷамъан 23 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҷозот шуданд.

Натиҷаҳои санҷиш барои баҳои ҳуқуқӣ додан ба додситонӣ ирсол шудааст. Додситонии ноҳияи Жайил низ зидди кормандони шуъбаи пулис бо банди "Хунукназарӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карда, идомаи тафтишотро Идораи амнияти ноҳия анҷом хоҳад дод.

Ёдрас мешавад, ки рӯзи 27 май дар шуъбаи пулиси ноҳияи Жайили вилояти Чуй Бурулай Турдиалӣ қизӣ аз захми корд ҷон бохт. Духтарро марде корд зад, ки ба хотири издивоҷ ӯро дуздида буд. Ин мард баъдан худро низ захмӣ кард ва ҳоло дар шуъбаи эҳёгарӣ табобат мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.