Равуои автобусҳо бо хатсайрҳои нав байни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Date:

Нимаи моҳи июл хатсайрҳои нави равуои автобусҳои мусофирбар байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳандозӣ мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» директори корхонаи «Asian Express» Султон Камолов хабар дод, муддати як моҳ равуои автобусҳо бо панҷ хатсайри нав: аз Душанбе ба шаҳрҳои Деҳнав ва Тирмиз, аз Панҷакент ба Самарқанд, аз Хуҷанд ба Қӯқанд ва аз Истаравшан ба Бекобод ба роҳ монда мешавад. Айни замон танҳо як хатсайр миёни шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд амал мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, тарифи роҳкиро ва ҷадвали ҳаракати автобусҳо миёни ҷонибҳо мувофиқа шуда, ба таъхир афтодани равуои автобусҳо ба он вобаста буд, ки ҷониби Ӯзбекистон пурра омода набуд.

«Айни замон мо ба мувофиқа расида, дар бораи ифтитоҳи хатсайрҳои ҳаракати автобусҳо байни давлатҳо созишнома ба имзо расонидем ва равуои автобусҳои мусофирбар ояндаи наздик –  тахминан дар муддати як моҳ оғоз мегардад», – иброз дошт номбурда.

Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, қайд кард Камолов, арзиши роҳкиро аз Душанбе то Деҳнав – 25 сомонӣ, аз Душанбе то Тирмиз – 52 сомонӣ ва аз Панҷакент то Самарқанд – 20 сомониро ташкил медиҳад.

«Ҳозир арзиши роҳкиро аз Хуҷанд ба Қӯқанд ва аз Истаравшан ба Бекобод мавриди омӯзиш қарор дорад», – гуфт директори «Asian Express».

Ҳамчунин зикр шуд, ки ширкат доир ба таъмини равуои сайёҳон шартнома баста, ба наздикӣ наздики 300 нафар сайёҳони ӯзбек барои табобат ба осоишгоҳҳои Тоҷикистон меоянд ва дар ин осоишгоҳҳо барои онҳо ҷой захира шудааст.

Қаблан дар Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон итминон дода буданд, ки зимни гузаштани сарҳад байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусофирон ба ҳеҷ мушкилие дучор нахоҳанд шуд: дар қаламрави гузаргоҳи сарҳадӣ мусофирон аз автобус берун баромада, баъди санҷиши хеле кӯтоҳмуддати назорати сарҳадиву гумрукӣ ба сафар идома медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки равуои автоубсҳо ва алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 1992 қатъ шуда буданд.

Аз моҳи апрели соли гузашта байни Тошканд ва Душанбе баъди танаффуси 25-сола алоқаи ҳавоӣ барқарор карда шуд.

Нимаи моҳи марти соли 2018 реҷаи раводид байни кишварҳо бекор шуда, акнун шаҳрвандони ҳарду давлат метавонанд бидуни раводид ба муҳлати 30 рӯз ба қаламрави ҳамдигар равуо намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...