Ошкор шудани куштори даҳҳо тифлони навзод дар яке аз таваллудхонаҳои хусусии Самарқанд

Васоити ахбори умуми Ӯзбекистон дар бораи як парвандаи даҳшатовари харидуфурӯш ва куштори ваҳшиёнаи кӯдакони навзод дар як таваллудхонаи хусусӣ дар Самарқанд хабар доданд. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» бо истинод ба рӯзномаи "Ҳуқуқ”, додгоҳи вилояти Самарқанд мудири ин таваллудхона Нигора Солихоноваро ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст. Чанд корманди дигари ин таваллудхона низ […]

Akhbor.com

Васоити ахбори умуми Ӯзбекистон дар бораи як парвандаи даҳшатовари харидуфурӯш ва куштори ваҳшиёнаи кӯдакони навзод дар як таваллудхонаи хусусӣ дар Самарқанд хабар доданд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» бо истинод ба рӯзномаи "Ҳуқуқ”, додгоҳи вилояти Самарқанд мудири ин таваллудхона Нигора Солихоноваро ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст. Чанд корманди дигари ин таваллудхона низ маҳкум ба солҳои мухталифи маҳбас шудаанд.

Муаллифони мақола – муфаттиши додситонии вилояти Самарқанд Асомиддин Сайфиддинов ва тергавчии ин идора Умедҷон Ҳакимов навиштаанд, ки таваллудхонаи шахсии Нигора Солихонова асосан ба аборт (исқоти ҳамл) машғул буд, вале дар рафти тафтиш маълум шуд, ки дар ин ҷо ба ҷиноятҳое, ки ақли инсон бовар намекунад, даст мезаданд..

Аз ҷумла роҳбарони таваллудхона барои кӯдаконе, ки дар натиҷаи ба таври сунъӣ қатъ кардани ҳомилагӣ зинда ба дунё меомаданд, ҳуҷҷатҳои сохта омода карда, онҳоро ба оилаҳои муҳтоҷи фарзанд дар ивази пул мефурӯхтанд. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, соҳибони таваллудхона барои ҳар кӯдак аз волидони ба нохуни фарзанд зор аз 500 то 2000 доллар мегирифтанд.

Агар кӯдакон ба фурӯш намерафтанд ё сари вақт харидор пайдо намешуд, он гоҳ ин тифлони бечораро бидуни нигоҳубин мегузоштаанд ва баъди мурданашон дар бухорӣ (печка)-е, ки дар асл барои сӯзондани лавозимоти тиббӣ (бинт, пахта, сӯзандору…) буд, оташ мезадаанд. Аз даруни бухорӣ(печка)-и таваллудхона ҷасади сӯхтаи даҳҳо кӯдакро пайдо кардаанд.

Вақте кирдори кормандони ин таваллудхонаи хусусӣ ошкор шуд, муфаттишон аз бухории таваллудхона боқимондаҳои ҷасадҳои сӯхтаи даҳҳо кӯдакро пайдо кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.