Ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 15 фоиз афзуд

Дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2017 тӯли се моҳи соли равон ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 15,1 фоиз афзуд. Интиқоли фаромарзии маблағҳои шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар ин давра 487 млн. долларро ташкил доданд, хабар медиҳад Бонки марказии Русия. Байни кишварҳои ИДМ аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон баъди Ӯзбекистон зинаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2017 тӯли се моҳи соли равон ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 15,1 фоиз афзуд.

Интиқоли фаромарзии маблағҳои шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар ин давра 487 млн. долларро ташкил доданд, хабар медиҳад Бонки марказии Русия.

Байни кишварҳои ИДМ аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон баъди Ӯзбекистон зинаи дуюмро ишғол мекунад: дар ин давра аз Русия ба Ӯзбекистон – 726 млн., Қирғизистон – 435 млн., Арманистон – 209 млн., Озарбойҷон – 191 млн., Украина – 158 млн, Қазоқистон – 143 млн., Молдова – 109 млн., Беларус – 73 млн. ва Туркманистон – 0,2 млн. доллар маблағ интиқол дода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки семоҳаи аввали соли 2017 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 423 млн. доллар маблағ фиристода буданд.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 2 млрд. 536 млн. долларро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо соли 2016 – 607 млн. доллар зиёдтар буд.

Тибқи маълумоти гуногун, имрӯз беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.