Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 ба кор шурӯъ мекунад, ки дар кори он 65 ҳайатҳои расмӣ: беш аз 1,5 ҳазор нафар иштирок мекунанд. – Дар робита ба баргузории конфронс ва чорабиниҳо дар ҳошияи он ҳаракати нақлиёт дар […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 ба кор шурӯъ мекунад, ки дар кори он 65 ҳайатҳои расмӣ: беш аз 1,5 ҳазор нафар иштирок мекунанд.

– Дар робита ба баргузории конфронс ва чорабиниҳо дар ҳошияи он ҳаракати нақлиёт дар баъзе самтҳои роҳҳои пойтахт баста мешавад:

– аз 7:45 то 22:00 – роҳ аз Фурудгоҳи Душанбе то қароргоҳи ҳукумат дар хиёбони Рӯдакӣ баста мешавад;

– аз 10:40 то 11:50 – роҳ аз қароргоҳи ҳукумат то меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe (хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Ганҷавӣ, Ҳувайдуллоев то Кӯли ҷавонон) баста мешавад.

– аз 10:00 то 11:40 – роҳ аз баромадгоҳи пойтахт ба Варзоб баста мешавад (ҳайатҳо аз Пуғус ва Такоб боздид мекунанд).

– 13:00 то 14:00 – аз Варзоб то қароргоҳи шаҳрии ҳукумат.

– аз 19:20 то 20:00 – аз қароргоҳ то «Кохи Истиқлол», ҳамчунин кӯчаи Ганҷавӣ (минтақаи ВДНХ).

– аз 21:20 то 22:00 – роҳ аз «Кохи Истиқлол» то қароргоҳи ҳукумат.

– аз 21:20 то 22:00 – хиёбони Рӯдакӣ аз "Кохи Истиклол" то меҳмонхонаи  Serena.

– Дар шаҳри Остона Форуми XIII зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ идома медиҳад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.0975 сомонӣ;

1 евро – 10.5040 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1419 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1924 — Дар Маскав Ҷамъияти омӯзиши мухобироти байнисайёравӣ таъсис дода шуд.

2008 — Дар Душанбе сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ гардид.

1908-1990 – Зодрӯзи шоири тоҷик Нодир Шанбезода.

1923-2012 – Мавлуди доктори улуми педагогӣ Иброҳим Обидов.

1924 -2007 – Зодрӯзи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Павел Ханжин.

1926 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Миралӣ Шодиев.

1937 – Мавлуди академик Ҳабиб Сафаров.

1952 – Зодрӯзи нависанда Одина Азимӣ.

1954 – Мавлуди актёри театр Худойназар Тилавов.

1957 – Зодрӯзи Маҳмадназар Солеҳов, собиқ роҳбари ВКД Тоҷикистон. Моҳи июни соли 2009 аз олам даргузашт.

1960 – Мавлуди журналист Ҳокими Азиз.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +17+22.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои доманакӯҳ раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +25+30.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона -1+4, рӯзона +12+17.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +22+27.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +35+37.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +25+27.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.