Суғд: ғолибони олимпиадаҳои байнулмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ мукофотпулӣ мегиранд

Бо қарори раиси вилояти Суғд “Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии хонандагон, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимии вилоят”, толибилмону омӯзгорон ва муассисаҳои таълимии вилоят барои дастовардҳо дар олипмпиадаҳои байнулмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, тибқи қарори мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят, ки дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ сазовори […]

Asia-Plus

Бо қарори раиси вилояти Суғд “Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии хонандагон, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимии вилоят”, толибилмону омӯзгорон ва муассисаҳои таълимии вилоят барои дастовардҳо дар олипмпиадаҳои байнулмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, тибқи қарори мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят, ки дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, пас аз хулосаи мусбати комиссияи экспертӣ бо мукофоти пулии яквақтаи зерин ҳавасманд гардонида мешаванд:

-хонандае, ки дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ сазовори медали тилло гардидааст, 10 000 сомонӣ;

-хонандае, ки дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ сазовори медали нуқра гардидааст, 7 000 сомонӣ;

-хонандае, ки дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ сазовори медали биринҷӣ гардидааст, 3 000 сомонӣ.

Ҳамзамон хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд бо мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 2 000 сомонӣ, 1 000 сомонӣ ва 500 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят низ бо дарназардошти дастовардҳои хонандагонаш бо мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 2 000 сомонӣ то 6 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Гуфта мешавад, дар асоси банди чоруми қарори мазкур ба суратҳисоби муассисаҳои таълимии вилоят, ки хонандагонаш аз ҳама бештар дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардидаанд, аз 3 000 то 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ гузаронида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.