«Генерали мардумӣ»: Хоҷагони ҲНИТ соли 2020 дар Тоҷикистон табаддулот барпо карданӣ буданд

Рӯҳонӣ ва воизи маъруфи охири асри гузашта Саид Қиёмиддини Ғозӣ, ки моҳи май аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум шуд, дар барномаи «Решаҳои ноаён» дар телевизиони давлатӣ Эронро ба дастгирии Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ муттаҳам донист. Дар барномаи телевизионӣ Ғозӣ қайд мекунад, ки мувофиқи қарори пешакӣ, ҲНИТ соли […]

Рӯҳонӣ ва воизи маъруфи охири асри гузашта Саид Қиёмиддини Ғозӣ, ки моҳи май аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум шуд, дар барномаи «Решаҳои ноаён» дар телевизиони давлатӣ Эронро ба дастгирии Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ муттаҳам донист.

Дар барномаи телевизионӣ Ғозӣ қайд мекунад, ки мувофиқи қарори пешакӣ, ҲНИТ соли 2015 бояд дар Тоҷикистон ҳизби ҳоким мешуд.

Ӯ таъкид дошт, ки «ҲНИТ барои Тоҷикистон ҳизби зиёновар ва хиёнаткор буд ва чунин боқӣ мемонад».

«Эрон мехоҳад, ки ҲНИТ-ро дубора эҳё кунад ва хоҷагони ин ҳизб ният доранд, ки соли 2020 дар Тоҷикистон табаддулот барпо намоянд», – изҳор дошт Ғозӣ.

Ёдрас мекунем, ки баҳори соли 2020 дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи парлумонӣ ва тирамоҳи ҳамин сол интихоботи президенти ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Рӯҳонии маҳкумшуда аз аҳолии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки хатогиҳои ӯро такрор накунанд ва аз мардуми тоҷик маъзарат хост.

Қиёмиддин Ғозиев ё худ Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ солҳои 90-уми асри гузашта яке аз рӯҳониёни маъруф ва суханварони тавонои майдони «Шаҳидон» буд. Мардум ба ӯ унвони ғайрирасмии «генерали мардумӣ» ҳам дода буданд.

Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба Афғонистон рафта, бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ҳамкорӣ дошт. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 ба кишвар баргашта, узви яке аз зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ буд. Барои хизматҳояш дар амалисозии Созишномаи зикршуда бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.