Дар Тоҷикистон Шӯрои миллии суботи молиявӣ таъсис меёбад

Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис “Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати ҶТ дар нимсолаи дуюми соли 2018” ва “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ” шахсони масъул ҳисобот доданд. Ҳамчунин дар бораи лоиҳаи […]

Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис “Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати ҶТ дар нимсолаи дуюми соли 2018” ва “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ” шахсони масъул ҳисобот доданд.

Ҳамчунин дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, Оид ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминотӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” гузориши шахсони масъул шунида шуд.

Гуфта мешавад, баъди муҳокима лоиҳаҳои қонунҳои номбаршуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ҳамчунин дар бораи пешниҳоди хулосаи ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ” ирсол гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қарорҳои ҳукумат “Дар бораи Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии  иҷтимоӣ  дар  ҶТ барои солҳои 2018-2020”, “Дар бораи арзёбии самаранокии фаъолияти агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ” ва “Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар  Тоҷикистон” баррасӣ карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.