Сохтмони пули 300-метра дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР)-ро оид ба лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) маъқул шуморид.

Муовини аввали вазири молияи кишвар Ҷамшед Каримзода иттилоъ дод, ки дар доираи амалисозии Созишнома БОР ба сифати кумаки ройгон ба Тоҷикистн барои таъмиру навсозии қитъаи 40-километрии роҳ аз мавзеи Чашмасорони ноҳияи Хуросон то шаҳри Бохтар 90 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

«Дар доираи амалисозии лоиҳа дар роҳи Душанбе – Бохтар пули автомобилгарди нави дарозиаш 300 метр сохта мешавад», – гуфт Каримзода.

Корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар бо масофаи умумии 82 километр соли 2023 комилан ба итмом мерасанд. Бари он дар баъзе ҷойҳо то 27 метр мерасад.

Амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа моҳи октябри соли гузашта оғоз гардида, дар доираи он таъмиру навсозии 33 километр қитъаи роҳ аз шаҳри Душанбе – то мавзеи Даҳанакиик дар Хуросон ҷараён дорад.

Паймонкори лоиҳа дар марҳилаи аввал ширкати «Синтзян Бейсин»-и Чин ва мушовири байнулмилалӣ – ширкати олмонии «КОКС» мебошанд.

Ба амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа дар маҷмӯъ 96 млн. доллар маблағ равона мегардад. Воситаҳо аз ҷониби БОР (49,4 млн. доллар – қарз ва 17,8 млн. доллар – грант), Фонди ОПЕК (12 млн. доллар – қарз) ва ҳукумати Тоҷикистон (17,1 млн. доллар) таъмин мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...