Сохтмони пули 300-метра дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР)-ро оид ба лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) маъқул шуморид. Муовини аввали вазири молияи кишвар Ҷамшед Каримзода иттилоъ дод, ки дар доираи амалисозии Созишнома БОР ба сифати кумаки ройгон ба Тоҷикистн барои таъмиру […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР)-ро оид ба лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) маъқул шуморид.

Муовини аввали вазири молияи кишвар Ҷамшед Каримзода иттилоъ дод, ки дар доираи амалисозии Созишнома БОР ба сифати кумаки ройгон ба Тоҷикистн барои таъмиру навсозии қитъаи 40-километрии роҳ аз мавзеи Чашмасорони ноҳияи Хуросон то шаҳри Бохтар 90 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

«Дар доираи амалисозии лоиҳа дар роҳи Душанбе – Бохтар пули автомобилгарди нави дарозиаш 300 метр сохта мешавад», – гуфт Каримзода.

Корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар бо масофаи умумии 82 километр соли 2023 комилан ба итмом мерасанд. Бари он дар баъзе ҷойҳо то 27 метр мерасад.

Амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа моҳи октябри соли гузашта оғоз гардида, дар доираи он таъмиру навсозии 33 километр қитъаи роҳ аз шаҳри Душанбе – то мавзеи Даҳанакиик дар Хуросон ҷараён дорад.

Паймонкори лоиҳа дар марҳилаи аввал ширкати «Синтзян Бейсин»-и Чин ва мушовири байнулмилалӣ – ширкати олмонии «КОКС» мебошанд.

Ба амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа дар маҷмӯъ 96 млн. доллар маблағ равона мегардад. Воситаҳо аз ҷониби БОР (49,4 млн. доллар – қарз ва 17,8 млн. доллар – грант), Фонди ОПЕК (12 млн. доллар – қарз) ва ҳукумати Тоҷикистон (17,1 млн. доллар) таъмин мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.