Симоҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланди Душанбе

Имрӯз дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 ҷараён дорад. Чорабинӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо СММ созмон дода шуд. Дар кори конфронс 75 ҳайатҳои расмӣ иштирок мекунанд. Шумори умумии иштирокдорони чорабинӣ наздик якуним ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар конфронс сарони кишвар […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 ҷараён дорад. Чорабинӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо СММ созмон дода шуд.

Дар кори конфронс 75 ҳайатҳои расмӣ иштирок мекунанд. Шумори умумии иштирокдорони чорабинӣ наздик якуним ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар конфронс сарони кишвар ва ҳукуматҳои чор кишвар – Туркманистон, Покистон, Афғонистон ва Ҷибути, вазирон ва муовинони вазирон аз 35 давлат, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони беш аз 40 созмонҳои байнулмилалӣ ҳузур доранд. Ҳайати СММ-ро муовини Дабири кулли Созмон Лю Чжэнмин роҳбарӣ мекунад.

Ҳамаи аксҳо аз ҷониби хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.