Ҳаракати нақлиёт дар хиёбони марказии пойтахт қатъ шуд

Asia-Plus

Шурӯъ аз 27 июн ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони марказии пойтахт – Рӯдакӣ қатъ шуд. Ҳаракати нақлиёт тариқи қисмате аз роҳи хиёбон – аз Донишгоҳи аграрӣ то Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон баста шудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбари хатсайрҳои автобусии №-№1, 3А ва №18 тариқи кӯчаҳои ҳамшафат (хиёбони Рӯдакӣ бо баромад бо кӯчаҳои Л.Шералӣ, М.Турсунзода, Карамов ва У.Хайём бо хиёбони Рӯдакӣ боқимонда бетағйир) ба роҳ монда шуда, фаъолияти троллейбуси хатсайри №1 муваққатан қатъ мегардад.

Қаблан зикр гардида буд, ки роҳ аз VIP-толори Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе тариқи тамоми маркази пойтахт то Донишгоҳи аграрӣ давра ба давра барои таъмир баста мешавад.

Ғайр аз ин, мақомоти шаҳрдорӣ ба таъмиру навсозии намо (фасад)-и чанде аз биноҳо дар маркази шаҳр, ки ҳанӯз замони шӯравӣ бунёд шудаанд, шурӯъ намудааст.

Мақомоти шаҳрдорӣ бо ҳамин васила маркази пойтахтро барои баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки охири моҳи сентябр дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, омода мекунад.

Ғайр аз ин, нимаи дуюми соли равон дар Душанбе нишасти сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) низ баргузор мешавад.

Дар бораи чӣ қадар ҷудо шудани маблағ аз буҷети шаҳр барои анҷоми корҳои зикршудаи таъмиру навсозӣ аз мақомоти шаҳрдорӣ то ҳол маълумот надоданд. Тибқи ҳисобу китоби мо – наздики 3 млн. доллар.

Бо мутахаасисони соҳаи роҳсозӣ машварат намуда, мо тасмим гирифтем, ки ин маблағро худамон ҳисобу китоб кунем.

Масофаи роҳи шашхата аз фурудгоҳ то Донишгоҳи аграрӣ каме бештар аз 8 километр аст.

Маблағи таъмири асосии 1 километри роҳ ба ҳисоби миёна 1 млн. 300 ҳазор доллар (11 млн. 472,5 ҳазор сомонӣ) ва мутаносибан маблағи таъмири асосии ин роҳ  10 млн. 400 ҳазор доллар (91 млн. 780 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Агар таъмири хурд (ҷорӣ) гузаронида шавад, барои 1 километр роҳ ба ҳисоби миёна 400 ҳазор доллар (3 млн. 530 ҳазор сомонӣ) ва барои 8 километр наздики 3 млн. 200 ҳазор доллар (28 млн. 240 ҳазор сомонӣ) маблағ лозим аст.

Зимни анҷоми корҳои таъмири асосӣ ё ҷорӣ вобаста ба нархи масолеҳи сохтмон ва хизматрасонӣ ин маблағ метавонад кам ё зиёд шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...