Дар Конибодом муҷассамаи Исмоили Сомонӣ қомат афрохт

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом боғи фарҳангӣ-фароғатиро, ки дар он муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудаанд, ифтитоҳ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Конибодом бо санъати баланди ҳайкалтарошӣ бунёд ёфтааст. Корҳои […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом боғи фарҳангӣ-фароғатиро, ки дар он муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудаанд, ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Конибодом бо санъати баланди ҳайкалтарошӣ бунёд ёфтааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи марти соли 2018 аз ҷониби ҶДММ «СМС»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфта, бо сифати баланд ва намои назаррабо сохта шуд. Фармоишгари он Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.

Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки  лоиҳаи ишооти мазкурро Корхонаи фаръии воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и  вилояти Суғд таҳия кардааст. Барои сохтмони он тақрибан 8 миллион сомонӣ  харҷ гардидааст. Бояд зикр намуд, ки масоҳати боғи фарҳангӣ – фароғатӣ 9 ҳазору 500 метри мураббаъ буда,  дар он муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии 7,5 метр сохта шудааст.

Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом дар вазъияти тантанавӣ сутунпояи Парчами давлатиро ифтитоҳ намуд.

Сутунпояи  Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 43 метр бунёд гардида, ин макон ба ҷойи назаррабо ва мавзеъи сайру гашти дилписанди сокинон табдил ёфт.

Парчами давлатӣ  7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.  Дар гирду атрофи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, назди Маҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дарахтони сояафкани ороишӣ ва гулҳои шукуфон шинонида шудааст.

Ҳамзамон дар атрофи боғ ва сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон нишастгоҳҳои замонавӣ ва фаввораҳои диққатҷалбкунанда  насб гардида, чароғон кунонида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.