Ба ивази газ Қазоқистон ба Тоҷикистон бензин медиҳад

Радиои Озодӣ

Қазоқистон қасд дорад, аз тирамоҳи имсол маҳсулоти нафтии худ, аз ҷумла бензинро ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон содирот кунад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба маҷаллаи "Власть"-и чопи Қазоқистон, имкони содироти ин навъи маводи сӯхт дар пайи афзоиши тавлиди он дар корхонаҳои коркарди нафти Қазоқистон ва манъи воридоти бензин аз Русия фароҳам шудааст.

Гуфта мешавад, муовини раиси ширкати “КазМунайГаз” Дониёр Тиесов ба маҷалла гуфтааст, ки ҳар моҳ кишвараш метавонад ба кишварҳои ҳамсоя то 400 ҳазор тонна маводи нафтӣ содирот кунад.

“Соли оянда метавонем то 1,2 миллион тонна бензинро ба ин кишварҳо содирот кунем. Бо дарназардошти арзонии воридоти маҳсулот аз Қазоқистон нисбат ба Русия, мутмаинам дар ин кишварҳо муштарии зиёде хоҳем дошт”, – афзудааст Дониёр Тиесов.

Ин дар ҳолест, ки дар ду ҳафтаи охир қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафта, феълан як литр бензини навъи АИ-92 то 8 сомонӣ қимат дорад.

Ба ақидаи коршиносон, дар зудтарин фурсат арзиши як литр гази моеъ, ки аз он ҳудуди 80 дарсади мошинҳои Тоҷикистон истифода мекунанд, то ба 6 сомонӣ хоҳад расид.

Айни замон Тоҷикистонро бо бензин қариб пурра Русия бо меъёри сифри содиротии гумрукӣ таъмин мекуанд. Талаботи солонаи Тоҷикистон ба бензин на бештар аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати ҶТ, тӯли 5 моҳи соли равон ба Тоҷикистон наздики 73 ҳазор тонна бензин ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазор тонна камтар аст.

Феълан сӯзишвории бештар мавриди истифода қарордошта дар ҷумҳурӣ гази моеъ мебошад, ки то 90%-и он аз Қазоқистон ворид мешавад. Давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ беш аз 151 ҳазор тонна аз ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ворид карда шудааст, ки қариб ду маротиба аз бензини воридшуда аз Русия зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...