Ба ивази газ Қазоқистон ба Тоҷикистон бензин медиҳад

Қазоқистон қасд дорад, аз тирамоҳи имсол маҳсулоти нафтии худ, аз ҷумла бензинро ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон содирот кунад. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба маҷаллаи "Власть"-и чопи Қазоқистон, имкони содироти ин навъи маводи сӯхт дар пайи афзоиши тавлиди он дар корхонаҳои коркарди нафти Қазоқистон ва манъи воридоти бензин аз Русия фароҳам шудааст. […]

Радиои Озодӣ

Қазоқистон қасд дорад, аз тирамоҳи имсол маҳсулоти нафтии худ, аз ҷумла бензинро ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон содирот кунад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба маҷаллаи "Власть"-и чопи Қазоқистон, имкони содироти ин навъи маводи сӯхт дар пайи афзоиши тавлиди он дар корхонаҳои коркарди нафти Қазоқистон ва манъи воридоти бензин аз Русия фароҳам шудааст.

Гуфта мешавад, муовини раиси ширкати “КазМунайГаз” Дониёр Тиесов ба маҷалла гуфтааст, ки ҳар моҳ кишвараш метавонад ба кишварҳои ҳамсоя то 400 ҳазор тонна маводи нафтӣ содирот кунад.

“Соли оянда метавонем то 1,2 миллион тонна бензинро ба ин кишварҳо содирот кунем. Бо дарназардошти арзонии воридоти маҳсулот аз Қазоқистон нисбат ба Русия, мутмаинам дар ин кишварҳо муштарии зиёде хоҳем дошт”, – афзудааст Дониёр Тиесов.

Ин дар ҳолест, ки дар ду ҳафтаи охир қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафта, феълан як литр бензини навъи АИ-92 то 8 сомонӣ қимат дорад.

Ба ақидаи коршиносон, дар зудтарин фурсат арзиши як литр гази моеъ, ки аз он ҳудуди 80 дарсади мошинҳои Тоҷикистон истифода мекунанд, то ба 6 сомонӣ хоҳад расид.

Айни замон Тоҷикистонро бо бензин қариб пурра Русия бо меъёри сифри содиротии гумрукӣ таъмин мекуанд. Талаботи солонаи Тоҷикистон ба бензин на бештар аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати ҶТ, тӯли 5 моҳи соли равон ба Тоҷикистон наздики 73 ҳазор тонна бензин ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазор тонна камтар аст.

Феълан сӯзишвории бештар мавриди истифода қарордошта дар ҷумҳурӣ гази моеъ мебошад, ки то 90%-и он аз Қазоқистон ворид мешавад. Давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ беш аз 151 ҳазор тонна аз ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ворид карда шудааст, ки қариб ду маротиба аз бензини воридшуда аз Русия зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.