Истаравшан: ҳалокати донишҷӯдухтар дар садамаи нақлиёт

Донишҷӯдухтари соли дуюми таҳсили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл ба хонаашон – ба шаҳри Истаравшан ба таътил омада буд, зери чархи автомашина ҳалок шуд. Ҳодиса рӯзи чоршанбеи ҳафтаи гузашта рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 31-солаи Исаравшан Маҳмуд Шораҳимов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, рӯ ба рӯи бемористони марказӣ бо […]

Донишҷӯдухтари соли дуюми таҳсили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл ба хонаашон – ба шаҳри Истаравшан ба таътил омада буд, зери чархи автомашина ҳалок шуд.

Ҳодиса рӯзи чоршанбеи ҳафтаи гузашта рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 31-солаи Исаравшан Маҳмуд Шораҳимов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, рӯ ба рӯи бемористони марказӣ бо автоашинааш духтарро пахш мекунад.

Дар натиҷа зимни ба бемористон бурдани Умеда Муҳаммадиеваи 18-сола ба ҳалокат мерасад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Зимнан зикр гардид, ки ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Бино ба маълуомти Шуъбаи БДА вилояти Суғд, тӯли 5 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои шаҳру навоҳии вилоят 119 (соли 2017 – 115) ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 33 нафар ҳалок (соли 2017 – 43 нафар) ва 122 нафар (соли 2017 – 123 нафар) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Имсол 21 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2017 – 31 ҳодиса) бо иштироки ноболиғон ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар натиҷа 1 нафар ҳалок (соли 2017 – 7 нафар) ва 20 нафар ноболиғон (соли 2017 – 27 нафар) ҷароҳат бардоштаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.