Аз як нигоҳ ба ҳамватанамон – Нигора Юлдошеваи резапайкар бовар кардан мушкил аст, ки дар ин синнусоли ҷавонӣ ӯ аллакай ба сифати омӯзгор дар яке аз мактабҳои олии маъруфи Олмон – Донишгоҳи ба номи Георг-Августи Геттинген кор карда, ҳамчунин дар якчанд лоиҳаҳое, ки ба муҳоҷирон аз Шарқи Наздик ҷиҳати ҳамгиройӣ ба ҷомеаи олмониҳо кумак мекунанд, иштирок кардааст. Дар ин хусус маводи Muhojir.news.tj-ро манзуратон мегардонем.
Нигора аз 13-солагӣ орзуи ба Олмон рафтанро дар дил мепарварид, вале барои муваффақ шудан ба ҳадафи худ беш аз даҳ сол заҳмат кашидан лозим омад.
Нигора бакалавриат ва магистратураи самти забони олмониии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро хатм намуда, муддати чор сол – аз соли 2010 ба грантҳои омӯзишӣ дар Олмон ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод мекард.
«Мисли ҳамин ҳозир дар хотир дорам, ки моҳи майи соли 2014 ба ман аз DAAD занг зада, хабар доданд, ки соҳиби стипендия шудам. Хеле ба ҳаяҷон омада, зери обу арақ мондам. Бовар надоштам, ки ин хоб нест», – ба хотир меорад ӯ бо табассум.
Барномаи грантии DAAD барои таҳсил дар магистратура ва докторантура дар Олмон пешбинӣ шудааст. На ҳар кас ба ин барнома қабул мешавад, аз ин рӯ ӯ аввал ба бахти худ бовар накард.
Нигора якбора ба 12 донишгоҳ ҳуҷчатҳои худро фиристода, ҳуҷҷатҳояшро дар 8-тои онҳо қабул карданд ва сипас ӯ барои гирифтани хобгоҳ навбат гирифт.
«Албатта, дақиқан маълум нест, ки шумо хобгоҳ мегиред, вале кӯшиш кардан лозим аст, – мегӯяд Нигора. – Он замон кори ман аз он омад кард, ки дар давраи гузаштан аз курсҳои омӯзиши забон, барнома муддати ду моҳи аввал маблағи иқоматро дар хобгоҳ пардохт мекард, вале ман медонистам, ки бароям манзил зарур мешавад, аз ин рӯ дар интернет ва фирмаҳои шахсӣ фаъолона хонаи иҷора меҷустам».
Аҷобати кор дар он аст, ки агар ба ту ҳатто баъди шиносоӣ хонаи иҷора маъқул шавад ҳам, онро метавонанд ба иҷора надиҳанд. Нахуст бастаи ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод кардан лозим аст, ки вазъи молиявии туро тасдиқ намоянд. Албатта, ҳамаи инро ӯ дар рафти кор фаҳмид, давраҳои аввал душвор буд. Хонаи иҷора бе мебел дода мешуд, мебели худро харидан лозим буд, ҳамчунин хароҷоти ғайриинтизор низ ба миён меомад.
«Мебелро ман худам харидам. Аз таҷрибаам дар ин кор ба шахсони бори аввал дар ин ҳолат афтода маслиҳат медиҳам, ки дар шабакаи Facebook метавонед ба гурӯҳҳое номнавис шавед, ки дар онҳо бо нархи дастрас мебел мефурӯшанд ва агар шумо ба фурӯшанда бисёр маъқул шавед, мебелро метавонанд ба шумо туҳфа кунанд. Мебеле, ки ман харидам, ҳоло нав буд. Дар шаҳрҳое, ки донишҷӯён зиёданд, ин таҷрибаи маъмулист, зеро донишҷӯён муддате омадаву боз мераванд, аз ин рӯ, хоҳишмандони фурӯхтани мебел зиёданд».
Кори аввал – омӯзгор
Нигора аз семестри сеюм ба кор шурӯъ кард, зеро хуб медонист, ки минбаъд барои кори хуб пайдо намудан, барояш тавсифнома (резюме)-и хуб зарур аст. Аз ин рӯ, ӯ дар муассисаи таълимии худ – Донишгоҳи ба номи Георг-Августи Геттинген ба сифати омӯзгори забони олмонӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ ба фаъолият пардохт.
Ӯро дарҳол ба ҳайси яке аз магистрантҳои муваффақаи ин курс ба кор қабул намуда, боз пешниҳод намуданд, ки вазифаи ёварии мудири кафедраи факултаи олмоншиносии байнифарҳангиро низ ба уҳда гирад. Каме баъдтар ӯ боз дар мағозаи сарулибоси муд низ ба сифати мушовир ба кор даромад.
Дар як ҷо бо меъёри пурраи маош Нигора бо чанд сабаб кор карда наметавонист. Аввал, агар донишҷӯ дар як моҳ аз 450 евро зиёд пул кор кунад, стипендияаш кам мешавад, ки ба нафъи ӯ нест. Дуюм, дар Олмон қонуне амал мекунад, ки мувофиқи он ба донишҷӯён не бештар аз 80 соат дар як моҳ кор иҷоза дода мешавад. Дар навбати худ ба кор гирифтани шахсе, ки дар як ҳафта ҳамагӣ 20 соат кор мекунад, ба нафъи корфармо нест. Аз ин рӯ аксари донишҷӯён барои таъмини рӯзгору таҳсили худ маҷбуранд, ки ба ҳайси пешхизмат, мушвир дар мағозаҳо, ёварон дар дафтарҳои корӣ (бюроҳо) ва дигар ҷойҳо кор кунанд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
«Ман дар се ҷой кор ва ҳамзамон таҳсил ҳам мекардам. Рӯзона кор ва шабона ба китобхона мерафтам. Дар Олмон барои ин тарзи кору таҳсил ҳамаи шароит муҳайёст, метавонӣ дар китобхона ҳуҷраеро гирифтаву ба он ҷо китобу хӯрок ва сарулибоси гарм оварда, дар он ба таҳсил машғул шавӣ. Дар хотир надорам, ки чӣ гуна ба хона баргашта, рӯи кат хоб мерафтам. Асабҳоям хеле хаста мешуданд, ҳамаро таври автоматӣ иҷро мекардам, лекин шикоят надоштам».
Хушбахтона, дар дарёфти кор Нигора ҳеҷ гоҳ ба мушкилӣ дучор намешуд. Ба гуфтаи ӯ, агар шахс забони олмониро хуб донад, дар ҳама ҷо о хушнудӣ ба кор қабул мешавад.
Хона ё кор?
Вақте рисолдаи магистриашро ҳимоя намуд, наздаш ду роҳ меистод – ба хона баргаштан назди волидону хешовандон, ки хеле кам онҳоро медиди пазмон шуда буд, ё доимӣ дар Олмон истодан. Ба қабули қарори ниҳоӣ дар ин бора дӯстони «маҳаллӣ» ба Нигора кумак карданд.
«Онҳо ба ман гуфтанд, ки ҳар кадоме аз тоҷикони муваффақ дар Аврупо ифтихори кишвар аст. Олмониҳо хориҷиёнеро, ки баробар бо онҳо таҳсилу кор мекунанд, хеле эҳтиром мекунанд ва ман фаҳмидам, ки бо кори худ метавонам собит созам, ки тоҷикон ҳам мисли аврупоиён мардуми босаводу тарбиядида ва бомаърифтанд».
Ҳамон соли 2015 вуруди гурезагон аз Шарқи Наздик ба Аврупо, аз ҷумла Олмон хеле афзуда, дар ин робита кишвар ба омӯзгорони соҳибтаҷрибаи зхабониолмонӣ ниёз пайдо кард.
Сарфи назар аз рақобати баланд, қариб дарҳол баъди хатми мактаби олӣ Нигораро барои кор дар ширкати бузург дар шаҳри ҳамсояи Кассел даъват намуданд. Имрӯз ӯ дар лоиҳае кор мекунад, ки ба муҳоҷирону гурезагон дар одаткуниашон дар макони зисти нав кумак мекунад. Нигора ба онҳо аз забони олмонӣ дарс мегӯяд.
Якчанд сол пеш дар Олмон қонуне қабул шуд, ки мувофиқи он донишҷӯёни интернатсионалистӣ баъди хатми мактаби олӣ муддати 18 моҳ метавонанд дар ин ҷо бимонанд, то ки аз рӯи ихтисоси худ кор ёбанд.
Ба гуфтаи ӯ, ин шароити хеле хуб аст, дар ин муддат метавон оромона кор пайдо карда, мувофиқи раводиди корӣ дар кишвар бимонд.
Ҳозир ба Нигора каме осонтар шуд ва акнун ӯ ҳатто имкон дорад, ки ба волидонаш кумак кунад ва аз ин кор хеле ифтихор ҳам дорад. Ҳарчанд барои расидан ба мақсад солҳои тӯлонӣ заҳмати зиёд кашидан лозим омада бошад ҳам, дар ниҳояти кор, орзуи ӯ ҷомаи амал пӯшид.
«Мехоҳам ҳамватанонам бидонанд, ки кору зиндагӣ дар Аврупо воқеӣ ва имконпазир буда, танҳо азму иродаи қавӣ лозим аст. Бояд дарк намоед, ки ин ҷо ҳеҷ касе шуморо бо оғӯши гарм интизор нест. Аз ин рӯ, пеш аз ба Аврупо рафтан барои амалисозии «орзу», бояд назди худ мақсад гузошт, ки то куҷо ин кор дарвоқеъ ҳам зарур аст. Ман бисёр вақт шоҳиди он будам, ки ҳамдиёрон ҳамаро гузошта, бозпас ба Тоҷикистон баргаштанд, чунки хона назди волидон зиндагӣ осонтар аст. Лекин агар шумо ба дастоварди зиёдтаре муваффақ шуданӣ бошед, пас ба пеш!».


