Соҳибманзилҳои русиягӣ мустақилона хориҷиёнро аз қайди манзилашон бароварда метавонанд

Дар манзили қайд ҳузур надоштани муҳоҷир барои пеш аз муҳлат аз қайд баровардани ӯ далел шуда метавонад. Раиси Кумитаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, масоили иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии Думаи давлатии Русия Сергей Гаврилов дар бораи таҳияи лоиҳаи қонуне хабар додааст, ки ба сабуксозии тартиби аз қайд хориҷ кардани муҷҳоҷирон равона мегардад, менависад нашрияи «Известия». Қайд мешавад, […]

Дар манзили қайд ҳузур надоштани муҳоҷир барои пеш аз муҳлат аз қайд баровардани ӯ далел шуда метавонад.

Раиси Кумитаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, масоили иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии Думаи давлатии Русия Сергей Гаврилов дар бораи таҳияи лоиҳаи қонуне хабар додааст, ки ба сабуксозии тартиби аз қайд хориҷ кардани муҷҳоҷирон равона мегардад, менависад нашрияи «Известия».

Қайд мешавад, ки айни замон барои аз қайд хориҷ кардани шаҳрванди хориҷӣ танҳо якчанд асосҳо вуҷуд доранд: бақайдгузории ин шахс дар суроғаи нав, хориҷ шудан аз Русия, эътирофи қалбакии қайд ё марг. Бо назардошти ин, ҳатто бо аз даст додани робита бо муҳоҷир, ҷониби қабулкунанда ӯро аз қайд бароварда наметавонад.

Акнун вакилон муқаррароти саҳеҳ таҳия мекунанд, ки мувофиқи он, далели ҳузур надоштани муҳоҷир ба қатъи қайди ӯ сабаб шуда метавонад. Барои ин ба русиягиҳо танҳо пешниҳоди аризаи дахлдор ба ВКД лозим аст.

Ба гуфтаи Гаврилов, шакли санад ва тартиби пешниҳоди он аз ҷониби худи вазорат муқаррар карда мешавад.

Дар назар аст, ки ҷорӣ кардани тартиботи нав ба пайгирии равуо (ҳаракат)-и муҳоҷирон дар кишвар имкон фароҳам меоварад.

Моҳи декабри соли 2017 бо пешниҳоди муовини палатаи поёнии парлумон Ирина Яровая ба қонун «Дар бораи қайди муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия» тағйирот ворид шуд. Дар як қатор тағйирот муқаррар шуд, ки бақайдгузории қалбакии шаҳрванди хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ натанҳо дар манзилҳо, балки дар биноҳои ғайриистиқоматӣ ҳам ҷой дошта метавонад. Моҳи майи соли 2018 Думаи давлатӣ дар қироати якум ин лоиҳаи қонунро маъқул шуморид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.